• Tajik
  • Russian
  • English

Туризм ва методикаи таълими география

Кафедрахо 54
There are no translations available.

 

 

Кафедраи методикаи таълими география ва туризм

Кафедраи методикаи таълими география ва туризм, яке аз кафедраҳои пойгоҳии факултети география буда, бо номи «Таълими табиатшиносӣ ва география» аз ибтидои таъсисёбии факултет амал дорад.

Вазифаи асосии кафедра тайёр намудани мутахассисон барои соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ – туризм ва омӯзонидани усулу методҳои гуногуни таълими асосҳои география дар мактаб аст.

Бо ташаббуси собиқ декани факултет н.и.г., дотсент Диловаров Р. дар факултет шуъбаи туризм кушода шуд,  ки  ҳамаи фанҳои ин ихтисоси навташкил ба зиммаи кафедраи методикаи таълими  география ва туризм гузошта шудааст.  Ҷиҳати пешбурди раванди таълим лозим омад, ки мутахассисони зиёдеро ҷустуҷӯ намуда, самаранокии раванди таълимро таъмин намоянд.  Натиҷаи ин заҳматҳо буд, ки соли 2002 аввалин мутахассисони соҳаи туризм ба муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фиристонида шудаанд .

Кафедра таҷрибаомӯзии омӯзгориро дар шуъбаи география ва таҷрибаомӯзии сайёҳиро дар шуъбаи туризм амалӣ менамоянд. Таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои шаҳри Душанбе бо роҳбарии методистони варзидаи кафедра гузаронида мешавад.

Омӯзгорони оянда дар рафти таҷрибаомӯзӣ бо усулҳои фаъоли дарс ва таълиму тарбия шинос шуда, маҳорат ва малакаи касбӣ пайдо карда, дар рафти таҷрибаомӯзии сайёҳӣ аз тарафи донишҷӯён васеъ истифода карда мешаванд.

Имрӯз дар кафедра 1нафар доктори илм, 3 нафар  номзади илм ва 4 нафар  ассистент фаъолият доранд.

 

Омӯзгорони кафедра

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj