• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Баргузории дарсҳои лексионӣ (факултавӣ) оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо

Тибқи ҷадвали тастиқнамудаи раёсати Донишгоҳ оид ба баргузории машғулиятҳои дарсӣ (факултативӣ) оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20.11.2017 то 16.12.2017 факултетҳо бояд дарсҳои худро бо донишҷӯёни факултет дар толори бинои асосии Донишгоҳ гузаронанд.

Тибқи ҷадвали дар боло зикргардида факултети забонҳои романӣ-германӣ рӯзҳои панҷшанбе бо донишҷӯёни факултет оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои гуногун машғулиятҳои дарсӣ (факултативӣ) –ро гузаронад.

Санаи 23.11.2017 аз ҷониби факултети забонҳои романӣ-германӣ машғулияти дарсӣ (факултативӣ) оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бинои асосии Донишгоҳ бо донишҷӯёни факултет аз соати 13:00 то соати 16:40 дар мавзӯи Зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Декани факултети забонҳои романӣ-германӣ номзади илмҳои фалсафа, дотсент Зикирзода Ҳобил зимни суханронии худ иброз намуд, ки зарурияти қабул баҳри паст гардонидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти шароити зиндагонии мардуми кишвар мебошад.

Инчунин аз ҷониби муаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ Имомназарова оид ба Зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза шунида шуд.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj