• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи

мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд аз санаи 22.11.2017 то 28.11.2017:

  1. Таёрии олимпияда аз фанни назарияи иқтисодиёт дар назди кафедра таҳти роҳбарии омӯзгори ҷавон Гадоев Д.Р., бароҳ монда шуд;
  2. Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар кафедра ба дарси ҳамдигардароии ассистент Амаков И.Б., як чанд омӯзгорон иштирок доштанд: мудири кафедра Рузиев У.Ш., н.и.и., дотсент Азизов Ш.С., ассистент Гадоев Д.Р.;
  3. Аз ҳисоботҳои устодони кафедра бар меояд, ки донишҷӯёни курсҳои 4-уми шӯъбаи ғоибонаи факултатҳои донишгоҳ имтиҳони фанни назарияи иқтисодиро 92% бо мувафақият супориданд;
  4. Гузаронидани маҳфили «Сармояи инсони дар назди кафедра» аз санаи 27.11.2017 баргузор гардид, ки дар маҳфил номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш. Азизов, мудири кафедраи номбурда У.Рузиев, ассистентон И.Амаков, Д.Гадоев, А.Нуров ва 30 нафар донишҷӯён аз факултаҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар маҳфил масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор додашуд: рушди иқтисоди миллӣ, интиқоли маблағҳо, фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ва мушкилдошта, пешниҳоди қарзҳои бонкӣ ба субъектҳои иқтисодӣ, зиёдшавии пасандозҳои аҳолӣ, дараҷаи беқурбшавӣ, сатҳи камбизоатӣ таҳлили тамоюли (динамикаи) қурби асъори миллӣ таҳлили сиёсати буҷетию андозӣ, сиёсати пулию қарзии мамлакат ва таъсири он ба рушди иқтисоди миллӣ ибрози ақида кардашуд.

 

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо дар ҳафтаи равон ба нақша гирифта шудааст: аз 29.11.2017 то 06.12.2017:

  1. 1. Ҳолати сенарҳои илми назариявӣ, таълими-методӣ, тарбиявӣ дар кафедра ба роҳ монда мешавад;
  2. 2. Қабули корҳои курсии донишҷӯёни курси 3-уми факултети География ихтисоси географияи иқтисодӣ аз 01.12.2017 шурӯъ мегардад;
  3. 3. Иштироки омӯзгорони кафедра ба дарсҳои ҳамдигардароии мувофиқи нақшаи пешбинишуда;
  4. 4. Назорати корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) ва сатҳи сифати он дар кафедра;
  5. 5. Гузаронидани сураҷаласаи кафедраи назарияи иқтисодӣ дар санаи 30.11.2017.

Мудири кафедра:                                Рузиев У.Ш.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj