Геоэкология |
Кафедрахо 54 |
There are no translations available.
Раҳимов Маҳмаднаврӯз Муродович Мудири кафедраи геоэкология Номзади илмҳои биология тел: (+992)93-879-78-50 Раҳимов Маҳмаднаврӯз Муродович – 22 марти соли 1984 дар деҳаи Чароғчии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2001 ба факултаи биология, шуъбаи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 хатм намудааст. Солҳои 2007-2009 аспиранти Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Солхои 2010-2013 ходими хурди илмӣ ва 2013-2014 ходими илмии озмоишгоҳи генетикаи растании Институти ботаника, физиология ва генетикаи АМИТ кор кардааст. Ҳамзамон, аз соли 2007 то соли 2009 аспиранти Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010-2013 ходими хурди илмӣ ва 2013-2014 ходими илмии озмоишгоҳи генетикаи растании Институти ботаника, физиология ва генетикаи АМИТ, соли 2014 то имрӯз мудири кафедраи геоэкологияи факултети географияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ фаъолият намудааст. Кафедраи Геоэкология Кафедраи мазкур соли 1990 таъсис ёфта. Мақсади таъсиси ин кафедра ба роҳ мондани таълими асосҳои экологӣ ва ҳифзи табиат дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии ҷавонон мебошад. Дар кафедра 6 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1 нафар профессор, 2 нафар дотсент, 1 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистент фаъолият доранд. Дар кафедра оид ба асосҳои экологии истихроҷи канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ (сел ва обхезиҳо), оқилона истифода бурдани сарватҳои табиии Тоҷикистон (замин ва об), таъсири омилҳои экологӣ ба маҳсулнокии биологии растаниҳои кишоварзӣ (пахта, гандум, офтобпараст, юнучқа) дар шароитҳои гуногуни иқлими Тоҷикистон корҳои илмӣ анҷом дода мешаванд. Мавзӯи тадқиқотии кафедра доир ба омӯзиши проблемаҳои геоэкологӣ ва биоэкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Садорат, ҳайати омӯзгорон ва кормандони факултети география фаъолияти худро дар соли таҳсили 2022-2023 тибқи амру фармон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар амали гардидани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор аст. Маврид ба қайд аст, ки аз ҷониби устодони факултет дар соли таҳсили сипаригардида зиёда 68 адад мақолаҳои илмӣ –методӣ, таълимӣ, мақолаҳои дар РИНС ва дигар шабакҳои иҷтимоии бонуфӯз ва 2 адад китоби дарсӣ бо ҚВМИҶТ ва ҚШОДДОТ ба номи С.Айнӣ ба нашр гардидаанд. Ҳамзамон дар факултет 2 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз ташкил ва баргузор гардид. Илова бар ин ҳайати устодони факултет дар омода намудани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ, дифои рисолаҳои илмӣ, фаъолияти унвонҷӯён, докторантон ва иштироки донишҷӯён дар озмунҳои гуногуни фаннӣ (аз ҷумла дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ду нафар донишҷӯёни факултет Садриддинов О. ва Зиёев Ҳ. дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” сазовори ҷойи аввал ва дуввум гардиданд. Илова бар ин донишҷӯи курси 4 Садриддинов Озодбахт ихтисоси географияи иқтисодӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз рӯйи самти географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм гардид. Омӯзгорони кафедра |