• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ватан аз амният бошад шукуфо

Ваҳдат ободии Ватан, бебаҳотарин неъмати рӯзгори мост ва шукрона мекунем, ки он ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон ,  фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.

Инчунин, Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафии сулҳофарӣ, фарҳангпарварию таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ваҳдат падидаи тамаддуни умумиинсонӣ буда, маънои ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидиро ифода мекунад. Истиқлолияте, ки ба даст овардаем, маҳз тавассути Ваҳдати миллат ба мо муяссар гардидааст.

Таърих собит намудааст, ки мизони бахту саодат, иқболу шуҳрат ва нусрату нишоти олам дар сулҳу ваҳдати кулли сокинони он аст. Сулҳу Ваҳдати миллӣ ва созандагӣ мазмуну моҳияти асосии сиёсати давлатдории моро ташкил менамояд.

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу оромӣ ва тинҷию амонӣ пойдор гардида, он ба раванди бебозгашт табдил ёфтааст.

Ваҳдат неъмати бузурги миллат аст ва ҳар фарди равшанфикр, адолатпеша, инсондӯст ва ватанпарвар ба қадри он бояд бирасад. Сулҳу оромӣ ва тинҷию амонӣ ганҷи бебаҳо, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар яки мову шумост.

Қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди поквиҷдон, ки ояндаи дурахшон ва шукуфоии Ватанро мехоҳад, посдории сулҳу амният ва ваҳдати миллат мебошад.

Амирҷон Ҳикматов

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj