• Tajik
  • Russian
  • English

Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

Кафедрахо 54
There are no translations available.




Каримов Мусо Бобишоевич
Мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Тел.: 918 74 33 17
Email: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it


*аз 29-уми январи соли 2018 дар вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
*Соли таваллуд: 20.11.1966
*Ҷои таваллуд: ноҳияи Файзобод
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*Хатм кардааст: соли 1992 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ)
*Ихтисос: таърих ва ҳуқуқ
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
*Дар хориҷа буд ё не: не
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё нест: не
*Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шудааст ё не: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд
*Суроға: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кучаи С. Шерозӣ, хонаи 42
*Телефон: 918 74 33 17,  939 10 76 13
*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1987

Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Сотсиалистӣ

Солҳои 1994-1997

Аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи «Педагогикаи умуми»-и Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко

Солҳои 1997-2000

Ассисенти кафедраи «Педагогикаи умуми»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷураев

Солҳои 2000-2002

Омӯзгори калони кафедраи «Педагогикаи умуми»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Солҳои 2002-2008

Мудири кафедраи «Методикаи таълими таърих»-и факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Солҳои 2008-2014    

Мудири кафедраи «Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ»-и факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Аз 29.01.2018

то ин ҷониб

Мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва  ҳуқуқи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ нахустин бор соли 1983 дар заминаи кафедраи ИҶШС ба номи кафедраи таърихи ҶШС Тоҷикистон ва методикаи таълими таърих таъсис ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра чанд маротиба тағйири ном карда, ахиран соли 2008 бо номи кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ номгузорӣ шудааст.

Аввалин мудири кафедра н.и.т., дотсент Ғ.Я. Яқубов буд. Дар ҳайати кафедра чунин устодон аз қабили н.и.т. Қурбонов Ф., Бердиев Ё., Сазонова Т. М., Гадоев Ғ., Неъматов И., Зиёев Т., ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд. Аз соли 2002 ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.п., профессор Каримов Мусо Бобишоевич ба ӯҳда дорад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба докторони илм, профессорон С. Муҳиддинов, С. Бобомуллоев, Д. Довудӣ, ҷиҳати ҳамкорӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Дар кафедра феълан устодони соҳибунвон ва соҳибтаҷриба н.и.т., дотсент Давлатбеков Н., н.и.т., дотсент Исмоилов Ё. н.и.т., Мусоев А. ва омӯзгорон Шафақов Х., Шарипов М., Исмоилов А., Ризоев Б. ва Ҷалилов Б. ба таълиму тарбияи ҷавонон ва анҷоми корҳои илмӣ-татқиқотӣ машғуланд.

Дар баробари гузашан ба таълимӣ бисёрзинагӣ дар кафедра ба мукаммалгардонии нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, таълими фанҳои тахасуси диққатӣ асоси дода мешавад. Дар солҳои охир аз тарафи устодони кафедра китобҳои дарсӣ ва  дастурҳои зиёди таълимӣ – методӣ ва илмӣ таёр карда шуда аз чоп баромаданд. Аз қабилӣ: “Археология”, “Этнография”, “Хронологияи таърихӣ”, Бойгоншиносӣ”, “Шаҳри бостонии миси айнак”, “Маводҳо ва луғатҳои таърихӣ”, Таърихи афкори ҷамъиятӣ-сиёсии халқи тоҷик”, “Таълими таърихи ватани дар донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аз таърихи инкишофи системаи маориф дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Истифодаи технологияи иноватсионӣ дар раванди таълими таърих” ва ғайра.

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра:

Каримов М.- н.и.п., профессор

Давлатбеков Н.- н.и.т., дотсент

Исмоилов Ё.- н.и.т., дотсент

Мусоев А.- н.и.т., дотсент

Шафақов Х.- муаллими калон

Шарипов М.- муаллими калон

Исмоилов А.- муаллими калон

Ризоев Б.- ассистент

Ҷалилов Б.- ассистент

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj