• Tajik
  • Russian
  • English

Таърихи халқи тоҷик

Кафедрахо 54
There are no translations available.







Сайнаков Сайнак Парпишоевич
Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик
номзади илмҳои таърих, дотсент
Email: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it
Тел.: 934 16 20 99

 

 

*Аз моҳи сентябри соли 2022 ба ҳайси мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад.
*Соли таваллуд: 12.03.1977
*Ҷои таваллуд: н. Рушон, ВМКБ
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*Хатм кардааст: соли 2005 Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
*Ихтисос: таърих ва ҳуқуқ
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои таърих
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, олмонӣ ба воситаи луғат
*Дар хориҷа буд ё не: не
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ аст ё не: не
*Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
*Суроѓа: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, к. Фирдавсӣ 28/2, утоқи 60
*Телефон: 934 16 20 99
*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995-2000

Колхозчии колхози «Навруз»-и ноҳияи Рушон

Солҳои 2000-2005

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷураев

 

Солҳои 2005-2007

Ассистенти  кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”-и Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷураев

 

Солҳои 2007-2009

Аспиранти  кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”-и Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Солҳои 2009-2012

Ассистенти  кафедраи таърихи халқи тоҷик Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

Солҳои 2012-2013

Муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

Солҳои 2013-2015

Муовини декан оид ба илми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Солҳои 2015-2022

Мудири  кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Аз 01.09.2022

то ин ҷониб

Мудири  кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи таърихи халқи тоҷик аз соли 1931 ҳамчун кафедраи таърих фаъолият намуда, дар соли 1938 ба ду кафедраи мустақил – кафедраи таърихи ИҶШС ва кафедраи таърихи умумӣ ҷудо мешавад. Кафедра аз соли 1938 то соли 1992 бо номи кафедраи таърихи ИҶШС амал мекард. Солҳои 1992–1997 ҳамчун кафедраи таърихи Ватан, солҳои 1997–2006 кафедраи таърихи халқҳои Тоҷикистон ва аз соли 2006 ҳамчун кафедраи таърихи халқи тоҷик тағйири ном намудааст. Аввалин мудири кафедра С.Д. Володарский буд. Баъди ӯ К.Н. Гаврилкин дар фосилаҳои гуногун (1937–1958) вазифаи мудирии кафедраро ба дӯш дошт. Баъдан солҳои гуногун мудирони ин кафедра Ч. Квайгадзе (1943-1953), М.Ҷ. Хонсуварова, О.Р. Маҷлисов (1968-1977), М. Саидов (1958-1965), Н. М. Акрамов (1977-1994), Ҳ. Пирумшоев (1994-2007), А. Муродов  (2007-2008),  Ҳ. Пирумшоев (2008-2015), Н.К. Убайдуллоев (2015-2017), М. Фозилова (2017-2022) буданд. Аз 16 сентябри соли 2022 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент Сайнаков Сайнак Парпишоевич ба ӯҳда дорад. Дар заминаи кафедраи мазкур дигар кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқ таъсис ёфтаанд.

Дар кафедра солҳои гуногун академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Александр Семёнов, Баҳодур Искандаров, Зариф Раҷабов, Мулло Эркаев, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, профессорон Аббос Алиев, О. Маҷлисов, М. Назаршоев, Н.М. Акрамов, М. Маликов, А. Саидов, Ҳамза Камол, Н.К. Убайдуллоев, С. Бобомуллоев, С. Муҳиддинов, Н. Хоҷаева, дотсентон К.Н. Гаврилкин, М. Хонсуварова,  М. Саидов, П.В. Бояршинов, Х.Ф. Акрамова, М. Шерғозиев, Ф.Х. Қурбонов, Н. Михайлова, Н. Қосимов, С. Назруллоев, Қ. Элчибеков, М. Додохонов, Н. Ҷамолова ва омӯзгорон Л. Бахтоваршоева, Н. Сарадбеков, У. Одилов, Ш. Ҷобиров, И. Неъматов, М. Бобоева ва дигарон ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд.

Бо кӯшиши омӯзгорони кафедра вобаста ба пешрафти илми муосир, аз фанҳои “Таърихи халқи тоҷик”,  “Таърихнигории таърихи халқи тоҷик”, “Манбаъшиносии таърихи халқи тоҷик”, “Кишваршиносӣ” ва китоби дарсӣ ва як қатор дастуру васоити таълимӣ-методӣ мураттаб ва аз чоп бароварда шудааст. Саҳми устодони кафедра дар таълифи китобҳои дарсӣ барои макотиби олӣ, миёна ва омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ назаррас мебошад.

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра:

Пирумшоев Ҳ.- д.и.т., профессор

Ҳақназаров А.- д.и.т., профессор

Сайнаков С.- н.и.т, дотсент

Роҳатов Ғ.- н.и.т, дотсент

Гадоев Ғ.- н.и.т, дотсент

Шарипов М.- н.и.т, дотсент

Муродзода А.- н.и.т, дотсент

Ғуломшоев С.- н.и.т, дотсент

Ганҷакова М.- н.и.т, дотсент

Толипова С.- н.и.т, муаллими калон

Маҳмудов Д.- муаллими калон

Ёров М.- муаллими калон

Зубайдуллоев С.- ассистент

Исломов Ф.- ассистент

Қодирзода Х.- ассистент

Акбарӣ М. .- ассистент

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj