Таърихи халқи тоҷик |
Кафедрахо 54 | ||||||||||||||||||
Сайнаков Сайнак Парпишоевич Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик номзади илмҳои таърих, дотсент Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Тел.: 934 16 20 99
*Аз моҳи сентябри соли 2022 ба ҳайси мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. *Соли таваллуд: 12.03.1977 *Ҷои таваллуд: н. Рушон, ВМКБ *Миллат: тоҷик *Таҳсилот: олӣ *Хатм кардааст: соли 2005 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ *Ихтисос: таърих ва ҳуқуқ *Унвони илмӣ: номзади илмҳои таърих *Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, олмонӣ ба воситаи луғат *Дар хориҷа буд ё не: не *Вакили Маҷлиси вакилони халқ аст ё не: не *Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не *Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд *Суроѓа: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, к. Фирдавсӣ 28/2, утоқи 60 *Телефон: 934 16 20 99 *Кор ва фаъолияти собиқа:
АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРА Кафедраи таърихи халқи тоҷик аз соли 1931 ҳамчун кафедраи таърих фаъолият намуда, дар соли 1938 ба ду кафедраи мустақил – кафедраи таърихи ИҶШС ва кафедраи таърихи умумӣ ҷудо мешавад. Кафедра аз соли 1938 то соли 1992 бо номи кафедраи таърихи ИҶШС амал мекард. Солҳои 1992–1997 ҳамчун кафедраи таърихи Ватан, солҳои 1997–2006 кафедраи таърихи халқҳои Тоҷикистон ва аз соли 2006 ҳамчун кафедраи таърихи халқи тоҷик тағйири ном намудааст. Аввалин мудири кафедра С.Д. Володарский буд. Баъди ӯ К.Н. Гаврилкин дар фосилаҳои гуногун (1937–1958) вазифаи мудирии кафедраро ба дӯш дошт. Баъдан солҳои гуногун мудирони ин кафедра Ч. Квайгадзе (1943-1953), М.Ҷ. Хонсуварова, О.Р. Маҷлисов (1968-1977), М. Саидов (1958-1965), Н. М. Акрамов (1977-1994), Ҳ. Пирумшоев (1994-2007), А. Муродов (2007-2008), Ҳ. Пирумшоев (2008-2015), Н.К. Убайдуллоев (2015-2017), М. Фозилова (2017-2022) буданд. Аз 16 сентябри соли 2022 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент Сайнаков Сайнак Парпишоевич ба ӯҳда дорад. Дар заминаи кафедраи мазкур дигар кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқ таъсис ёфтаанд. Дар кафедра солҳои гуногун академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Александр Семёнов, Баҳодур Искандаров, Зариф Раҷабов, Мулло Эркаев, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, профессорон Аббос Алиев, О. Маҷлисов, М. Назаршоев, Н.М. Акрамов, М. Маликов, А. Саидов, Ҳамза Камол, Н.К. Убайдуллоев, С. Бобомуллоев, С. Муҳиддинов, Н. Хоҷаева, дотсентон К.Н. Гаврилкин, М. Хонсуварова, М. Саидов, П.В. Бояршинов, Х.Ф. Акрамова, М. Шерғозиев, Ф.Х. Қурбонов, Н. Михайлова, Н. Қосимов, С. Назруллоев, Қ. Элчибеков, М. Додохонов, Н. Ҷамолова ва омӯзгорон Л. Бахтоваршоева, Н. Сарадбеков, У. Одилов, Ш. Ҷобиров, И. Неъматов, М. Бобоева ва дигарон ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд. Бо кӯшиши омӯзгорони кафедра вобаста ба пешрафти илми муосир, аз фанҳои “Таърихи халқи тоҷик”, “Таърихнигории таърихи халқи тоҷик”, “Манбаъшиносии таърихи халқи тоҷик”, “Кишваршиносӣ” ва китоби дарсӣ ва як қатор дастуру васоити таълимӣ-методӣ мураттаб ва аз чоп бароварда шудааст. Саҳми устодони кафедра дар таълифи китобҳои дарсӣ барои макотиби олӣ, миёна ва омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ назаррас мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра: Пирумшоев Ҳ.- д.и.т., профессор Ҳақназаров А.- д.и.т., профессор Сайнаков С.- н.и.т, дотсент Роҳатов Ғ.- н.и.т, дотсент Гадоев Ғ.- н.и.т, дотсент Шарипов М.- н.и.т, дотсент Муродзода А.- н.и.т, дотсент Ғуломшоев С.- н.и.т, дотсент Ганҷакова М.- н.и.т, дотсент Толипова С.- н.и.т, муаллими калон Маҳмудов Д.- муаллими калон Ёров М.- муаллими калон Зубайдуллоев С.- ассистент Исломов Ф.- ассистент Қодирзода Х.- ассистент Акбарӣ М. .- ассистент
|