• Tajik
  • Russian
  • English

Ҳуқуқ

Кафедрахо 54
There are no translations available.


АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ

Кафедраи ҳуқуқ соли 1987 дар заминаи факултет бо номи кафедраи «Ҳуқуқи давлатӣ» таъсис ёфааст. Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мирзоев Сергей Бабаевич буданд. Дар ин давра омӯзгорони кафедра асосан аз як фанни таълимӣ - асосҳои давлат ва ҳуқуқи шуравӣ, ки дар тамоми факултетҳои донишгоҳ таълим дода мешуд, ба донишҷӯён дарс мегӯфтанд. Баъди таъсиси ихтисоси таърих ва ҳуқуқи шуравӣ дар назди факултети таърих номгӯи фанҳои тадрисии кафедра ба маротиб зиёд гардид.

Роҳбарии кафедраро солҳои 1998-2000 н.и.ҳ., дотсент Зоиров Р.Ҳ., солҳои 2000-2002 н.и.с., Кунтувдий Н.А., солҳои 2002-2004 н.и.с., дотсент Ҳакимов Р.М., солҳои 2004-2005 н.и.с., дотсент Каримов А.А., солҳои 2005-2006 д.и.ҳ., профессор Насриддинзода Э.С., солҳои 2006-2007, 2009-2016 н.и.п, дотсент Давлатзода Ф.Ш., солҳои 2007-2008 номзади илмҳои сиёсӣ Абдураҳмонов А.А. солҳои 21016-2020 н.и.т., дотсент Айнуллозода Н.А., солҳои 2019-2020 д.и.т., профессор Ҳусайнов А.Қ., солҳои 2020-2023 н.и.т., дотсент Алламов Ҳ.Н. ба уҳда доштанд. Айни ҳол роҳбарии кафедраро д.и.с., профессор Қозиён Шариф Қозӣ ба ӯҳда дорад.

Равияи илмии кафедраро таҳқиқи самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12.00.01. - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи  ҳуқуқ ва давлат, 12.00.02. - Ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи судии конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипалӣ,  12.00.03. - Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, 12.00.05. - Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва  12.00.10 – Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) ташкил медиҳад.

Барои натиҷаи фаъолияти назаррас аксари омӯзгорони кафедра бо унвонҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Инчунин, се нафар устоди кафедра Ибодуллозода А.И., Сангинзод Д.Ш., Давлатзода Ф.Ш., дар солҳои гуногун барои дастовардҳои илмиашон бо «Ҷоизаи давлатӣ барои олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ» сазовор гардидаанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқ:

Қозиён Ш.К.- д.и.с., профессор

Ибодуллозода А.И.- д.и.т., профессор

Сангинзод Д.Ш.- д.и.ҳ., профессор

Раҷабов С.А.- д.и.ҳ., профессор

Меликов У.- д.и.ҳ., профессор

Давлатзода Ф.Ш.- н.и.п., дотсент

Айнуллозода Н.А.- н.и.т., дотсент

Назарзода Д.Қ.- н.и.ҳ., дотсент

Мирзода Ш.М., н.и.ҳ., дотсент

Камолзода Ш.Ҷ.- н.и.ҳ., дотсент

Давлатзода М.Н.- н.и.ҳ., дотсент

Алламов Ҳ.Н.- н.и.т., дотсент

Мирзозода Ш.- муаллими калон

Каримова Г.- муаллими калон

Абдуллозода М.- ассистент

Рисолати Р.- ассистент

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj