Ҳуқуқ |
Кафедрахо 54 | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Қозиён Шариф Қозӣ Мудири кафедраи ҳуқуқ номзади илмҳои ҳукук, доктори илмҳои сиёсӣ, профессорТел: (+992) 907442999E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
*ҚОЗИЁН Шариф Қозӣ (то иваз намудан Ҳасанов Шарифхуҷа Қозиевич) *Аз 01 октябри соли 2023 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. *Соли таваллуд: 01.07.1974 *Ҷойи таваллуд: н. Деваштич *Миллат: тоҷик *Таҳсилот: олӣ *Хатм кардааст: соли 1994 техникуми молиявӣ иқтисодии ш. Душанбе ва соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон *Ихтисос: баҳисобгирии бухгалтерӣ, ҳуқуқшинос (бо дипломи аъло) *Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2009), дотсент (2018) доктори илмҳои сиёсатшиносӣ (соли 2021) *Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ ва англисӣ бо луғат *Дар хориҷа буд ё не: бо мақсади табодули таҷриба дар Руссия, Узбекистон, Чин, Нидерландия, Фаронса, Монако, Белгия, Швейсария, Германия, Италия ва ғ. қарор дошт *Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не *Узвият ба ҳизб: аз соли 2012 аъзои ҲХДТ *Бо мукофотҳои давлатӣ ё соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не *Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд *Суроға: н. И.Сомонӣ, кӯчаи Рудаки 66, кв 306 *Телефон: 907 – 44-29-99 *Кор ва фаъолияти собиқа:
АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ Кафедраи ҳуқуқ соли 1987 дар заминаи факултет бо номи кафедраи «Ҳуқуқи давлатӣ» таъсис ёфааст. Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мирзоев Сергей Бабаевич буданд. Дар ин давра омӯзгорони кафедра асосан аз як фанни таълимӣ - асосҳои давлат ва ҳуқуқи шуравӣ, ки дар тамоми факултетҳои донишгоҳ таълим дода мешуд, ба донишҷӯён дарс мегӯфтанд. Баъди таъсиси ихтисоси таърих ва ҳуқуқи шуравӣ дар назди факултети таърих номгӯи фанҳои тадрисии кафедра ба маротиб зиёд гардид. Роҳбарии кафедраро солҳои 1998-2000 н.и.ҳ., дотсент Зоиров Р.Ҳ., солҳои 2000-2002 н.и.с., Кунтувдий Н.А., солҳои 2002-2004 н.и.с., дотсент Ҳакимов Р.М., солҳои 2004-2005 н.и.с., дотсент Каримов А.А., солҳои 2005-2006 д.и.ҳ., профессор Насриддинзода Э.С., солҳои 2006-2007, 2009-2016 н.и.п, дотсент Давлатзода Ф.Ш., солҳои 2007-2008 номзади илмҳои сиёсӣ Абдураҳмонов А.А. солҳои 21016-2020 н.и.т., дотсент Айнуллозода Н.А., солҳои 2019-2020 д.и.т., профессор Ҳусайнов А.Қ., солҳои 2020-2023 н.и.т., дотсент Алламов Ҳ.Н. ба уҳда доштанд. Айни ҳол роҳбарии кафедраро д.и.с., профессор Қозиён Шариф Қозӣ ба ӯҳда дорад. Равияи илмии кафедраро таҳқиқи самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12.00.01. - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат, 12.00.02. - Ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи судии конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипалӣ, 12.00.03. - Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, 12.00.05. - Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.00.10 – Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) ташкил медиҳад. Барои натиҷаи фаъолияти назаррас аксари омӯзгорони кафедра бо унвонҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Инчунин, се нафар устоди кафедра Ибодуллозода А.И., Сангинзод Д.Ш., Давлатзода Ф.Ш., дар солҳои гуногун барои дастовардҳои илмиашон бо «Ҷоизаи давлатӣ барои олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ» сазовор гардидаанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқ: Қозиён Ш.К.- д.и.с., профессор Ибодуллозода А.И.- д.и.т., профессор Сангинзод Д.Ш.- д.и.ҳ., профессор Раҷабов С.А.- д.и.ҳ., профессор Меликов У.- д.и.ҳ., профессор Давлатзода Ф.Ш.- н.и.п., дотсент Айнуллозода Н.А.- н.и.т., дотсент Назарзода Д.Қ.- н.и.ҳ., дотсент Мирзода Ш.М., н.и.ҳ., дотсент Камолзода Ш.Ҷ.- н.и.ҳ., дотсент Давлатзода М.Н.- н.и.ҳ., дотсент Алламов Ҳ.Н.- н.и.т., дотсент Мирзозода Ш.- муаллими калон Каримова Г.- муаллими калон Абдуллозода М.- ассистент Рисолати Р.- ассистент |