• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ноҳияи Фирдавсӣ бо ибтикори масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи бо сокинони маҳаллаи “Рашангарон” ҷиҳати баррасиву муҳокимаи масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрав, тарбияву назорати насли наврас, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ вохӯрӣ доир кард.
Масъулин дар бораи тарбияи насли наврас дар шароити муосир ҳарф зада, изҳор дошанд, ки ин масъалаи мубраму доғи рӯзест, ки аз ҳамагон таваҷҷуҳу назари махсус мехоҳад. Ин дастовард, истиқлолият, ваҳдати миллие, ки бо заҳмату талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба даст омад, фардо насли ҷавони имрӯз соҳибӣ мекунад. Фирдавс Ҳаитов, устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар бораи раванди номатлубе чун ифротгароӣ ҳарф зада, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз амали чунин сияҳкорону зархаридони хоҷагони хориҷӣ зарари гарони ҷонию моддию маънавӣ дид. Ҳизби наҳзати ислом зери ниқоби ин дини муқаддасу пок мардумро гумроҳ намуда, ба ҷангу хархашаҳо кашонда, хуни ҳазорҳо одамонро рехтанд. Ба мазҳаби хеш хиёнат намудаву дастуру супоришҳои хоҷагони хешро сомон медоданд, ҳамватанони хеш, бахусус рӯшанфикрони миллатро, аз қабили донишмандону олимону эҷодкорон - Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ, М. Олимпур ва бисёр абармардони илму фарҳангро ба қатл расонданд, ки ин амал, ин хиёнат кори нобахшиданист. Имрӯз аз мулки бегона аъзои ин ҳизб ба номи Ислом ва Ватан иснод оварда, дар ҳаққи ҳукумату давлати Тоҷикистон сару садо баланд мекунанд. Имрӯз зиракию бедории сиёсиро ҳар як соҳибватан набояд аз даст диҳад ва дар ҳифзи оромию субот, арзишҳои милливу муқаддасоти хеш бошад.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj