• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Хиёнат ба Ватан модарфурўшист

Сарвари собиқ Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки фаъолияти он дар ҳудуди кишвар мамнўъ эълон гардидааст, Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолияти доимиаш дар хориҷи кишвар (Ҷумҳурии Исломии Эрон) амалҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсониро ба анҷом расонида истодааст. Кабирӣ шахси ғаразолуд ва зархариди хоҷагони хориҷа аст, ки бо баромадҳои нохалафи худ то ҳол ба сутуни миллати тоҷик сўзан заданро хоҳон аст.

Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон аз яке виҷагиҳои усули “қадам ба қадам” – ҳамкории байнимазҳабиро (шиъа ва суннӣ), ки дар Эрон истифода мешавад, ба кор бурд. Ҳамин аст, ки наҳзатиҳо гоҳ дар тўли фаъолияти худ ва гоҳ дар оғўши ихвониёни эронӣ ва дигар кишварҳо қарор дорад.

Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик огоҳанд, ки вақтҳои охир дар кишвари Эрон қисми муайяни аҳолӣ бар зидди Ҳукумати кунунии кишвар бо эътирозҳо баромад карда истодаанд. Ҳамоишҳои ба амал омада боиси марги зиёда аз 20 нафар шахси бегуноҳ гаштааст. Сабабгори ин нооромиҳоро роҳбарияти Эрон аз дахолати кишварҳои бегона ба сиёсати дохилии худ медонад. Ҳол он ки худи роҳбарияти имрўзаи Ҷумҳурии Эрон, хусусан рўҳониёни исломии он бо сарпаноҳ додан ба хиёнаткорони Тоҷикистон дар симои Муҳиддин Кабирӣ гунаҳкор аст.

Эрон барои манфиатҳои геополитикии худ шуда Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистонро   дастгирӣ мекунад ва дар оқибат ба ивази ҳаракатҳои ноҷояш боиси нооромии ин кишвар гардидааст. Мардуми оддии Эрон бехабар аз дасисаҳои роҳбарияти кишвар бо меҳнати ҳалоли худ машғул буда, ҳатто намедонанд, ки Кабирӣ кист ва Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон чӣ гуна ташкилот аст. Шахсе, ки Ватани худро қадр накарда аз ў фирор намудааст ва аз дур неш мезанад, баробар ба он нафарест, ки синаи модари худро, ки шир додааст, мегазад. Рафтору кирдори Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони эронии ў нишони он аст, ки Эрон дар симои Кабирӣ шахси носолим ва ватанфурўшро сарпаноҳ додааст, ки баробар ба амали “ба воя расонидани мор дар бағал” монандӣ дорад. Шубҳае нест, ки шахси хиёнаткор ба Ватан ва модари бузургвор имрўз ба хоҷаи эронӣ хизмат мекунад ва пагоҳ ба давлати дигар фурўхта шуда бар зидди хоҷаи эронии худ шамшер мекашад.

Мусалмоне, ки имрўз нисбати Эрон ва паноҳбурдагони он таваҷҷуҳ дорад, монанд ба он нафарест, ки хиёнаткори Ватан – Модар пешаи ҳамешагии ўст.

Танҳо мардони ватандўст ва содиқ бо ҳушёрии сиёсии худ дар атрофи Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, бо меҳнати суботкорона ва ободии Тоҷикистон бар зидди хоинони давлат ва миллат ҷавоби босазо медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, имрўз аз ашхоси фирефтагаштаи тоҷик, ки пайи тафриқаи хоҷагони худ рафта, дар чорроҳаи гумроҳӣ мондаанд, даъват ба амал меорем, ки ба сўйи ваҳдату якдилӣ ва муҳаббат ба Ватану Модар бозгарданд!

Танҳо дар ягонагӣ мо метавонем, ки ба ояндаи дурахшони давлату миллат бирасем!

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj