• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

ҲНИТ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон

Дар ҷаҳони имрўз ағлаби «сиёсатмадорон» ба хотири ба ҳадаф ва манфиатҳои худ расидан омодаанд, ки ба ҳар амали шоиставу ношоиста даст бизананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии як кишвари дигар мебинанд. Ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи ҷаҳони имрўза истилоҳоте чун терроризм ва экстрремизм пайдо гардидаву таҳдиди хатари он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дониста шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳоии бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гуфтаҳои Сарвари давлат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва башариятро водор месозад, ки дар робита ба масъалаҳои мазкур муносибати ҷиддӣ дошта бошад.
Мафҳуми терроризм ва экстремизм дар фарҳанг ба маънои террор ва  моҷароҷўӣ омадааст.  Магар ашхосе, ки ба хотири расидан ба нияту ҳадафҳои хеш ба обрўю нуфуз ва беҳтарин муқаддасот – озодии инсон дастдарозӣ менамояд, магар дарранда нест, балки бадтар аз он?!
Саволе ба миён меояд, ки пас пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон, умуман дар дунё аз чӣ сарчашма мегирад? Дар атрофии ин масъала дар сиёсати ҷаҳонии имрўза дар байни ҷомеашиносону сиёсатмадорон мубоҳисаҳои зиёде ҷараён мегирад.
Бешубҳа таҳлил кардани низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи тамоми мардуми курраи Замин қарор дорад. Олимону пажўҳишгарон, масъулини ниҳодҳои дахлдор, сиёсатшиносон, исломшиносон, андешамандону соҳибназарон баҳри рафъи хатарҳои пешомада ва баҳои ҳақиқӣ додан ба вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа, хоса бархўрди манфиатҳои динӣ ва миллӣ, тафовут байни ҷаҳонбинии рўҳониён ва тафаккури дуниявӣ ва дигар масъалаҳо фикру андешаҳои мухталиф иброз намудаанд.
Ҳадафи муассисони бархе аҳзоби сиёсӣ тавассути таъсиси ҳизбҳои худ паси парда мақсаду ниятҳои нопоки худро пиёда кардан аст. Имрўз шумораи чунин ҳизбҳо, ки сабаби нооромии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд, кам нестанд. Таҳлилҳо нишон доданд. ки баъзе намояндагони ҲНИТ аз ҷумлаи чунин аҳзоби сиёсӣ буда, бо нияти халалдор кардани оромиаи кишвар ба як зумра «ҳилла»-ҳои сиёсӣ даст задаанд.

Мувофиқи ахбороти омма моҳи августи соли 2015 аз номи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба унвони ҲНИТ огоҳномаи расмӣ оид ба қатъи фаъолияти ғайриқонунӣ интишор гардида буд. Аз ҷумла дар огоҳнома дарҷ шуда буд, ки тибқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиқистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсии кишвар бояд дар аксарияти шаҳру навоҳии ҶТ ячейкаҳои ҳизбии худро дошта бошанд. Вале тибқи 76 санад ва ҳуҷҷатҳои ба Вазорати адлия ирсолгардида, дар 58 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ячейкаҳои ҳизбии ҲНИТ фаъолияташонро катъ кардаанд ва аз ин бармеояд, ки ҲНИТ дар ин ҳол дигар аз шумори ҳизбҳои умумиҷумҳуриявӣ маҳсуб намешавад. Бинобар ин ҲНИТ ҳуқуқи истифодаи мақоми ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ ва гузаронидани анҷуманро надошт. Онҳо ғайриқонунӣ аз ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ва маросимҳои динӣ, роҳансозӣ намудани таблиғоти динӣ дар рўзномаи «Наҷот»-и ҳизб, ки бар ҳилофи қонунгузории кишвар буд, амал мекарданд. Баъзе аз роҳбаронва аъзоёни ин ҳизб бо истифода аз мансаби худ бо гурўҳҳои хиёнаткор ҳамкорӣ намуда, ҳатто онҳоро маблағгузорӣ  намуда, дар пайи нобуд сохтани кишвар даст доранд.
Имрўзҳо беғаразона таҳлил кардани низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Ў ҳамеша аз ин таҳдидҳо сухан гуфта, чун дигар ҳамтоёни хеш дар арсаи байналмилалӣ терроризму экстремизмро маҳкум намуда, аз ҷумла чунин изҳор доштааст: «Ҳаводиси рўзҳои охир бавуқўъ пайваста аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо мекунад, ки барои фардои фарзандонамон муттаҳид шавем ва ин нерўи аҳриманиро решакан созем».
Маълум аст, ки ҷавонон ба ислом, дин, ки тавваҷҷуҳи зиёд доранд. Дастаҳои мухолифин аз ин истифода бурда, дар ниқоби ислом нақшаҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бештар ҷавононро ба гирдоби «бало» мекашанд. Ҷавононе, ки саводи кофии диниву дунявӣ надоранд, ҷаҳонбиниашон танг аст, бештар аз рўйи бефарҳангӣ ба доми чунин гурўҳҳо меафтанд, ки оқибат боиси бадбахтии оила ва худи онҳо мегардад.
Президенти ҶТ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ гуфта буд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат бахшидани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосие, ки боиси майл кардани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд, омили иҷтимоӣ мебошад. Гурўҳҳои ифротгар ваъзъи пасти иқтисодии ҷавононро ба назар гирифта, ба ҷавонон молу сарватҳои зиёде ваъда дода,  онҳоро ба доми худ мекашанд. Сабаби дигари ба ин гурўҳҳо шомил шудани ҷавонон, надоштани дониши хуби динӣ, ҷаҳонбинӣ ва надоштани зиракии сиёсӣ мебошад.
Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд.
Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аввалиндараҷа ва ҳаёти муҳим ба шумор меравад.
Рўйдодҳои охири ҷаҳон , яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Фаъолияти созмони террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон ваъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ва манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид намудани кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Дар шароити мо ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд, ин таҳкими пояҳои давлатдории дуниявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад. Танҳо дар низоми дуниявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онро зери ҳимояи худ қарор медиҳад

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj