• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Муроҷиати устодон ва донишҷўёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар мавриди  ҲНИТ

Дар суботи кишвар  ва сулҳи он мардуми шарифи Тоҷикистон бо дастгирӣ аз  иқдоми хирадмандона ва қатъии Президенти кишвар , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузоранд. Дар айни замон сиёсати адлпешаи  кишвари мо дар ҷаҳон пазируфта шудааст ва набояд фаромўш кард, ки ризоияти оштии миллӣ аз ду ҷониб ба амал омада бошад ҳам, аммо нахустин дастоварди

он баргаштани гурезаҳо аз мулки Афғонистон мебошад. Ашки чашмони онҳо нишонаи пушаймонӣ  ва норизоӣ аз пайравӣ ба ҲНИТ дарак медод. Воқеан,он чуноне, ки гурезаҳо нақл мекунанд, ҳукумати таъсис додаи Саид Абдуллои Нурӣ ва муҷохидони ў дар ғарибӣ дифоъ аз манофеи ақрабояш буд ва тақдири мардуми дигар ба худи онҳо вогузор шуда буд. Ончуноне, Муҳаммадҷон Нурӣ ,ки имрўз аз байн рафтани сулҳро бо таҳдид ба аммонии кишвар медонад, оё худ дар байни мардум боре будааст ва мисли дигар ҷавонон аз мактаби миллати худ гузаштааст? Мавқеи ў чун хатмкунандаи мактабҳои аврупоӣ ва шунавандаи устодни ғарбӣ ниёз ба муҳокима аст.Чаро ин мардум дар Аврупо таҳсил мекунанду арзишҳои миллиро ба дурусти дарк намекунанд ва аз ҷонибдорони гумроҳи худ тақозои бақои ҳизбро менамоянд Бояд гуфт, Кабирӣ баринҳо дар ҳолати ногувории аҳвол тарки кишвар мекунанд ва чандин ҳазор (гуё)  узви он  сарсон дар дохил мемонад. Биёед , таҳлил менамоем, ки  ҲНИТ барои беҳбудии кишвар ва ё дар сохтмони лоаққал як нуктаи тиббӣ чи кореро ба анҷом расонида аст? Матлаб ва барномааш фақат аз датсгирии ҳиҷобу танзими риши мардум чизе набуд. Ва бояд зикр намуд, ки кор то андозае ранг гирифт, ки  ҷавонзанҳои мо тақлидро аз мусалмонҳои хоириҷи кишвар омўхта, хилофи суннати мо дар пушидан рафтор мекарданд.

 

Кишвари мо дар доираи қонунҳои дунявӣ бисёрҳизбиро қабул намудаст.Аммо ҳамчун фарди мусалмон, метавон гуфт, ки ин рафтори онҳо ҷудоӣ ва тафоввути олӣ гузоштан байни худ ва дигар мусалмонҳо мебошад.Ин аст, ки ба хотири ягонагӣ ва покии ислом мебояд аз ин ҳизб даст кашид. Ҷавонони  Тоҷикистон ниёз ба пешрафт доранд ва арзишҳои миллиро аз ҳаргуна иғвоҳои думкашони хоҷаҳои хориҷӣ боло медонанд.

Мо, аҳли устодон ва донишҷўёни ДДЗТ ба номи С.Улуғзода ба хотири амният ва осудагии кишвар ба ҲНИТ зимнан муроҷиат намуда, қатъиян талаб менамоем, ки аз дини мубини ислом  суистифода накунед ва бохти худро дар арсаи сиёсат қабул намоед. Касе шуморо фишор наовардааст ва дар доираи қонун аз мағлубияти худ иқрор шавед. Мардуми шарифи тоҷик дигар ба фаъолияти шумо бовар надоранд .

Мурољиати устодон ва донишљўёни ДДЗТ ба номи С. Улуғзода дар мавриди даъвоњои беасоси ЊНИТ

Дар суботи кишвар  ва сулњи он мардуми шарифи Тољикистон бо дастгирї аз  иќдоми хирадмандона ва ќатъии Президенти кишвар , муњтарам Эмомалї Рањмон сањм гузоранд. Дар айни замон сиёсати адлпешаи  кишвари мо дар љањон пазируфта шудааст ва набояд фаромўш кард, ки ризоияти оштии миллї аз ду љониб ба амал омада бошад њам, аммо нахустин дастоварди он баргаштани гурезањо аз мулки Афғонистон мебошад. Ашки чашмони онњо нишонаи пушаймонї  ва норизої аз пайравї ба ЊНИТ дарак медод. Воќеан,он чуноне, ки гурезањо наќл мекунанд, њукумати таъсис додаи Саид Абдуллои Нурї ва муљохидони ў дар ғарибї дифоъ аз манофеи аќрабояш буд ва таќдири мардуми дигар ба худи онњо вогузор шуда буд. Ончуноне, Муњаммадљон Нурї ,ки имрўз аз байн рафтани сулњро бо тањдид ба аммонии кишвар медонад, оё худ дар байни мардум боре будааст ва мисли дигар љавонон аз мактаби миллати худ гузаштааст? Мавќеи ў чун хатмкунандаи мактабњои аврупої ва шунавандаи устодни ғарбї ниёз ба муњокима аст.Чаро ин мардум дар Аврупо тањсил мекунанду арзишњои миллиро ба дурусти дарк намекунанд ва аз љонибдорони гумроњи худ таќозои баќои њизбро менамоянд Бояд гуфт, Кабирї баринњо дар њолати ногувории ањвол тарки кишвар мекунанд ва чандин њазор (гуё)  узви он  сарсон дар дохил мемонад. Биёед , тањлил менамоем, ки  ЊНИТ барои бењбудии кишвар ва ё дар сохтмони лоаќќал як нуктаи тиббї чи кореро ба анљом расонида аст? Матлаб ва барномааш фаќат аз датсгирии њиљобу танзими риши мардум чизе набуд. Ва бояд зикр намуд, ки кор то андозае ранг гирифт, ки  љавонзанњои мо таќлидро аз мусалмонњои хоириљи кишвар омўхта, хилофи суннати мо дар пушидан рафтор мекарданд.

Кишвари мо дар доираи ќонунњои дунявї бисёрњизбиро ќабул намудаст.Аммо њамчун фарди мусалмон , метавон гуфт, ки ин рафтори онњо људої ва тафоввути олї гузоштан байни худ ва дигар мусалмонњо мебошад.Ин аст, ки ба хотири ягонагї ва покии ислом мебояд аз ин њизб даст кашид. Љавонони  Тољикистон ниёз ба пешрафт доранд ва арзишњои миллиро аз њаргуна иғвоњои думкашони хољањои хориљї боло медонанд.

Мо, ањли устодон ва донишљўёни ДДЗТ ба номи С.Улуғзода ба хотири амният ва осудагии кишвар ба ЊНИТ зимнан мурољиат намуда, ќатъиян талаб менамоем, ки аз дини мубини ислом  суистифода накунед ва бохти худро дар арсаи сиёсат ќабул намоед. Касе шуморо фишор наовардааст ва дар доираи ќонун аз мағлубияти худ иќрор шавед.

Мардуми шарифи тољик дигар ба фаъолияти шумо бовар надоранд .

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj