• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

ТАРБИЯ ОМИЛИ ТАҚДИРСОЗ АСТ

Инсон дар ҳама давру замон, дар тамоми марҳалаҳои зиндагии худ ба тарбия ниёз дорад. Агар шахс некандеш бошад, зоҳиру ботини худро назорат карда тавонад, ҳеҷ гоҳ ба нокомӣ ва садамаи равониву ҷисмонӣ мувоҷеҳ намегардад. Назорат дар тарбия аз вижагиҳои рукни тарбияи инсоният ба ҳисоб меравад. Худдорӣ аз амали нодуруст ва рафтору гуфтори ҳамида аз хусусияти физиологӣ, биологӣ ва равонии ҳар шахс  сар мезанад, ки дар зинаҳои гуногуни синну сол ташаккул ёфтааст ва ба густариши ин омилҳо сабабгор шудааст. Агар муҳити бакамолрасии шахс солим бошад, албатта, ӯ амалу рафтори номатлубро камтар содир мекунад, зеро қобилияти рафтору ахлоқашро назорат карда тавонистанро дар худ сайқал додааст.

 

Назорат карда тавонистани рафтору гуфтор шахсро соҳибэҳтиром мегардонад. Аксар амалҳои номатлуб бо сабаби худро ба даст гирифта натавонистан ё худ ба эҳсосот дода шудан ба амал меоянд. Агар дар ниҳоди шахс  аз хурдӣ ин амали равонӣ ташаккул ёфта бошад, онро идора кардан мушкилӣ надорад.

Ҷаҳони муосир  бо масоили глобалӣ рӯ ба рӯ омадааст. Мо ҳар  рӯз шоҳиди воқеа ё ҳодисае мегардем, ки дар натиҷаи рафтори нодурусти ашхоси алоҳида ва бинобар паст будани шуур, ҷаҳонбинӣ сар задаст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, аз  масоили глобалӣ берун нест. Воқеан, имрӯз корҳои зиёди ташвиқотию тарғиботӣ бурда мешаванд, вале ҳамоно ахлоқи як гурӯҳ ҷавонон дар сатҳи паст қарор дорад.

Азбаски имрӯз назорат аз тарафи  волидону ҷомеа заиф гардидааст, як қисм ҷавонон ва ба вижа, духтарон аз илму фарҳанг ва омӯзиши таърихи миллати хеш дур монда, ба ҳаводиси рӯзгор баҳои дуруст дода наметавонанд, ба равандҳои бегонапарастӣ ва ҳатто, ифротгароӣ мегараванд. Ин нукта аз масоили ҷиддии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Як нукта ташвишовар аст, ки дар васоити ахбори умум, радиову телевизион ин проблемаҳо ҳамвора пайгирӣ ва муҳокима шаванд ҳам, сафи ҷавононе, ки ба қонуншиканӣ ва ҷиноят даст мезананд, чандон коҳиш намеёбад. Маълум аст, ки бештари волидон бо сабаби маълумоти нокифоя доштан аз марҳалаҳои инкишофи кӯдакон, махсусан, давраи ҷавонии онҳо бехабар мемонанд. Бинобар ин, барои таълиму тарбияи дуруст нахуст бояд кӯдакро шинохт. Яке аз роҳҳои шиносоӣ бо кӯдак барқарории робита бо ӯ ва мушоҳидаи ҳаракат ва рафтори ӯ мебошад. Аз тариқи усули мушоҳида то ҳадде метавон кӯдакро омӯхт ва бидонист, ки ҳангоми рушд кадом равиши тарбия ба ӯ мувофиқ аст. Пешгирӣ аз ҳар навъ иштибоҳ ва рафъи  масъалаҳои дар боло зикршуда, омили зери назорат ва мушоҳида қарор доштани рафтору кирдори ҷавонон хоҳад буд.

Масъалаи дигар сарулибоси ҷавонон ва ба вижа, духтарон аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-6 соли охир аз тарафи як гурӯҳ духтарони тоҷик тақлид ва пӯшидани либоси сиёҳ ба мӯд даромадааст, ки ин амал пайравӣ ба мамлакатҳои исломӣ аст. Падару модарон ва устодонро зарур аст, ки бар зидди ин амали номатлуб корҳои ташвиқотиро бештар ҷоннок намоянд.

Озодӣ ва мустақилият дар таҳсил, барпо намудани оила барои рушди ҷомеа яке аз омилҳои муҳим аст. Вале ин амалҳои хуб дар шароити феълии ҷумҳурии мо баъзан бо роҳҳои зӯрӣ-хушунат ва маҷбурӣ сурат мегиранд, ки пайомадҳои нохуб доранд.

Зикр бояд намуд, ки никоҳи хешутаборӣ яке аз масоили ташвишовари ҷомеа ба ҳисоб меравад. Оид ба ин амали носавоб Роҳбари давлат даҳҳо маротиба дар маърӯзаву баромадҳои хеш таъкиду андешаҳои арзишманд баён кардаанд. Вале  иддае аз волидон боз ҳам беэътиноӣ ва беназоратӣ зоҳир мекунанд. Маърифатнокии занон дар ҳар давру замон аз омилҳои муассиру наҷиби ҷомеа аст, зеро:

Зани хуби фармонбару порсо

Кунад марди дарвешро подшо.

Масъалаи дигар, аз кор дур мондан ва хонанишинӣ кардани занон аст. Ин ҳодиса низ далели аз маърифат дур мондани хоҳарону модарони мо аст. Ҷомеа аз мо тақозо дорад, ки занон бештар фаъолу ташаббускор бошанд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо ҳодисаҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷараёнҳои тундгаро ба мушоҳида мерасад. Ин гуна амалҳо дар охир  ба пушаймонӣ меоваранд. Даҳҳо ҷавонони гумроҳ аз Покистон, Сурия ва дигар мамлакатҳои арабӣ бо кӯшиш ва тадбирҷӯиҳои Президенти ҷумҳуриамон ба Ватан баргаштанд. Падару модари эшон изҳори пушаймонӣ доранд, ки дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ карда, онҳоро беназорат гузоштаанд.

Тарбия омили муҳиму тақдирсоз аст ва он танҳо дар заминаи амали аҳлонаву муассир натиҷаи дилхоҳ дода метавонад.

Раъно Бобокалонова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj