There are no translations available. Китоби тозанашр дар факултети математика Дар факултети математика маҳфили «Математикони ҷавон» Ду нафар донишҷӯёни боистеъдоди курси чоруми ихтисоси математика Авезов Р ва Аминов Н бо роҳбари маҳфил дар ҷодаи омӯзиш ҳамкории зич дошта, якчанд мавзуҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд ва мақолаҳояшон дар маҷаллаҳо ва маводҳои конфференсияҳо нашр шудаанд. Аз мақолаҳои нашршуда ва мавзуҳои наве, ки дар ин маҳфил таҳлил намудаанд, дастури «Масъалаҳои ғайристандартӣ» бо тавсияи Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Дар дастури мазкур роҳҳои ҳал кардани масъалаҳои ғайристандартӣ нишон дода шудааст. Дастур ба донишҷӯёни ихтисосҳои математика, физика, инфоматика, колеҷҳои омӯзгорӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба омӯзгорон барои тайёр намудани хонандагон ба озмунҳои математикӣ тавсия карда шудааст.
Масъалаҳои ғайристандартӣ – инкишофи тафаккури эљодӣ ва математикии хонандагон ва майлу рағбати онҳоро ба математика афзун менамояд. Ҳангоми ҳустуҷӯи тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ дар хонандагон шавқи донишандӯзӣ бедор шуда, қобилияти эҷодкории онҳо инкишоф меёбад. |