There are no translations available. Шаби эҷодии Садриддин Айнӣ Санаи 28.02.2018. Дар факултети Забон ва адабиёти рус бахшида ба 140 - солаги бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, шаби эҷодӣ доир гашт. Дар чорабини ду маърӯза: «Ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ» - омӯзгори калони кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Субҳонкулова С.А., ва «Тарҷумаи асарҳои Садриддин Айнӣ» - мудири кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Валиев Н.У. ироа карда шуданд. Инчунин намоиш ва муаррифии асарҳои Садриддин Айнӣ, газетаи деворӣ, қироати шеърҳо бо се забон – тоҷики, руси, узбекӣ шунида шуд. Дар оҳир донишҷӯён саҳнача аз асари устод Садриддин Айнӣ «Марги судхур» намоиш доданд. |