Барномаи фарҳангӣ ба меҳмони хориҷӣ Дар идомаи конференсияи байналмилалии илмӣ, ки ба ифтихори 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар қисмати аввали рӯзи 16-уми апрел доир гардид, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш дода шуд. Дар он ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Фаронса ва олимони ватанӣ ширкат доштанд. Дар чорабинӣ ҳаваскорони ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо ҳунару маҳорати худ-сурудҳои дилнишину рақсҳои ҷаззоб хотири тамошобинонро болида гардониданд. |