• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

 






Кенҷазод Фаридун Примшо
Сармуҳаррири нашрияи "Омӯзгори ҷавон"
Тел: 550559999
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript





*Аз моҳи декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад
*Соли таваллуд: 04.04.1988
*Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархор
*Миллат: Тоҷик
*Маълумот: Олӣ
*Хатм кардааст: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
*Ихтисос: Муносибатҳои байналхалқӣ
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ ва англисӣ
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудааст ё не, ҳаст
Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардида шудааст ё не, ҳаст
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд
*Аъзои ҳизб ҳаст ё не, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
*Суроға: ш. Душанбе,

 

ОМӮЗГОРИ ҶАВОН,

 

Нашрия аз соли 1957 таҳти унвони «Педагоги ҷавон» ва ҳоло «Омӯзгори ҷавон» мунташир мешавад. Дар ин муддат сармуҳарририи нашрияро Я. Исоев, Ю. Сафаров, Б. Худойдодов, А. Пудинаев, А. Сабоҳзода, А. Муллоев, А. Худойдодов, Б. Абдураҳимов ва Ҳ. Сатторов ба зимма доштанд. «Омӯзгори ҷавон» тарғиботгари ғояҳои пешқадам дар кори таълиму тарбияи омӯзгорони ҷавон ба шумор меравад. Донишҷӯёнро дар рӯҳияи дӯстӣ, рафоқат, ҳамраъӣ, бародарӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳурмат намудани анъана ва расму одатҳои пешқадами миллӣ тарбият менамояд. Нашрия ба сифати дӯст ва маслиҳатчии донишҷӯён ва ҳидоятгари роҳи дурусти ҳаёт дар ташаккули сифатҳои касбӣ ба онҳо кумак кардаааст.

Аҳли илму адаб, шоиру нависандагони номвар Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Зиё Абдулло, Бобо Насриддин, Убайд Раҷаб, Низом Нуруҷонов, Урун Қӯҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибуллоҳи Файзуллоҳ, Абдулҳамид Самадов, Кароматулло Мирзоев, Назри Яздонӣ, Камол Насрулло, Мӯҳтарам Ҳотам, Сайёд Ғаффор ва чандин нафари дигар нахустин нигоштаҳояшонро дар ҳамин нашрия чоп кардаанду аз ҳамин пайроҳа ба шоҳроҳи бузурги нигорандагӣ ворид шудаанд.

Нашрия фарогири рубрикаҳои “Гиромидошт», “Иртибот», “Эҳтироми омӯзгор», “Корнома», “Арҷгузорӣ», “Маълумот», “Тақриз», “Ҷашни камолот», “Таҳлил» ва ғ. буда, ҳаёти донишгоҳ дар он бозтоб меёбад.

Ҳайати эҷодии нашрия бо мақсади ширкат дар иҷрои ҳадафҳои барномавии муассисаи таҳсилоти олӣ аз ташаббусу ибтикори ибратбахш кор мегиранд. Нашрия доираи васеи хонандагони худро пайдо кардааст, ки ин муҳимтарин дастоварди коллектив аст. Аз моҳи ноябри соли 2024 сармуҳарририи нашрияро Кенҷазод Фаридун Примшо ба уҳда доранд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj