• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

АЗ ПАНОҲИ ТЕРРОРИСТОН БАР ПАНОҲИ ВАТАН ОЕД!

 

Вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гунае бошиддат тағйир меёбад, ки пешгӯии раванди ҳодиса ва воқеаҳо имконнопазир мегардад. Як-ду даҳсола пеш кӣ тасаввур карда метавонист, ки Сурияву Ироқ, Лубнону Яман ба минтақаи ҷангу даҳшат табдил мегарданд ва ё дар Амрикову Инглистон, Фаронса ва дигар давлатҳои Аврупо ҳодисаҳои террористӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Зуҳури гурӯҳҳои даҳшатафкани  «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ»,  «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи 24», салафия ва ғ. бозгӯи он аст, ки онҳо бо номи ислом ва демократия ваҳшатноктарин куштору амалҳои террористиро анҷом медиҳанд. Аз ҷониби дигар, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои абарқудрат маблағгузорӣ шудани бархе аз созмонҳои зикргардида имрӯз то андозае «дарди сари» онҳо гардидааст. Зеро дар натиҷаи анҷоми амалҳои террористӣ танҳо дар соли 2017 наздики 70 000 нафар кушта шудааст, ки беш аз 10 000 нафари онҳо кӯдаконанд.

Мардуми тоҷик амалҳои ифротиву экстремистии собиқ ҲНИТ-ро дар солҳои аввали истиқлол ҳанӯз аз хотир набаровардааст. Тибқи ҳисоби расмӣ зимни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ин ҳизб авангарди он буд, 160 000 сокинони мамлакат ҳалок гардида, миллионҳо сокини Тоҷикистон дар Афғонистон ва кишварҳои дигар гуреза шуданд. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи гурезагон ба Ватан бозгардонида шуданд.Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳамаи гурӯҳҳо кафолати амният дод. Тоҷикистон ба марҳилаи нав - ободонӣ ва рушд ворид шуд. Аммо раванди ҳаёт нишон дод, ки на ҳамаи қувваҳои сиёсии имзонамудаи созишномаи сулҳ иродаи мустаҳками сиёсӣ ва афкори солим доранд. Ошӯби собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода парда аз рӯи ниятҳои нопоки ташкилоти экстремистии ҲНИТ бардошт. Даҳҳо амалҳои нангину даҳшатбор ва зиддимиллии онҳо ошкор шуд.

Имрӯз пешвоёни ин ташкилот дар хориҷи кишвар зидди миллати худ, мақомоти олии роҳбарии кишвар, мардуми тоҷик ҳарфҳои носазо мегӯянд, бо истифода аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ худро «ҷабрдида», ҷонибдорони худро «маҳбуси сиёсӣ» мехонанд. Ширкат ва суханронӣ намудани роҳбарон ва ҷонибдорони ин ташкилоти экстремистӣ дар конфронси солонаи САҲА дар Варшава далели ин гуфтаҳост. Воқеан, суханронии аъзои ин ташкилот дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин олами маҷозӣ вокуниши шадидеро ба миён овард. Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар изҳороти худ дуруст таъкид менамояд, ки «ин амали САҲА фаъолияти созмони бонуфузи байналмилалии аврупоиеро мемонад, ки аз меъёрҳои демократӣ ҳарф мезанад, гӯшу ҳушаш озодии инсон аст, вале дар хилват ба озодию демократия хиёнат менамояд ва ҷиҳати ноором сохтани авзои ин ё он минтақа гурӯҳҳои мазҳабии динӣ-радикалиро пуштибонӣ мекунад». Аз ин бармеояд, ки яке аз сабабҳои решадор шудани гурӯҳҳои радикалӣ ва ташкилотҳои экстремистӣ, қувват гирифтан ва додани минбарҳои баланд ба онҳо ба сиёсати «духӯра»-и созмонҳои байналмилалӣ марбут аст. Мо шоҳиди он гардидем, ки ҳамин сиёсат ба сари сардуми Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, Украина ва Афғонистон чи балоҳоро ба бор овард. Мо мебинем, ки  аз сиёсати «духӯра» ҳар моҳ дар кишвари ҳамҷавори Афғонистон садҳо нафар кушта мегарданд, ҳодисаҳои террористӣ ба ҷои кам гардидан меафзоянд, биноҳои ободу зебо харобу валангор мешаванд.

Мардуми тоҷик, ки оқибатҳои даҳшатбори ҷанги ҳамватанро паси сар намудааст ба шиорпароӣ, иғвоангезӣ ва дасисаҳои пешвоёни ташкилотҳои террористии дар хориҷа паноҳёфта фирефта намегардад. Зеро дурӯғ бефурӯғ ва умри он кӯтоҳ аст. Хиёнат ба миллат хиёнат ба Ватан аст. Шахсе, ки имону виҷдони худро мефурӯшад, қодир аст Ватан ва Модари худро низ бифурӯшад. Эй касоне, ки ҳанӯз аз ғояти ҷавонӣ ва содалавҳӣ ба ваъдаҳои пучу бемантиқи пешвоёни ташкилотҳои террористии дар хориҷа паноҳёфта бовар доред, ҳоло ҳам дер нашудааст, ақли солимро ба кор баред ва аз роҳи тираву тори хатарзои худ баргардед. Роҳи бенур чоҳ барои марди кӯр аст. Ҳаёти худ ва аҳли хонаводаи худро ба хатар нагузоред. Шуморо хонаводаатон, пайвандонатон, ватанатон интизор аст. Роҳбарияти Тоҷикистон ҳатто агар то гӯши худ дар гуноҳ ғарқ шуда бошед, шуморо мебахшад, афв менамояд. Аз паноҳи террористон бар паноҳи Ватан оед!

Мо ҳама тоҷикем ва як Ватан дорем бо номи Тоҷикистон. Он ба шумо кафолати амният медиҳад, шуморо дар паноҳаш нигоҳ медорад ва ҳамаи шуморо ба роҳи рост ва ҳаёти осуда раҳнамун мекунад. Дониста бошед, ки дар хориҷа танқиди кишвари худ ҳунар нест, тарғиби он ҳунар аст, паст задани обрӯи миллат ҳунар нест,  тарғиби дастовардҳои миллат дар арсаи ҷаҳон ҳунар аст, вайронкорӣ ҳунар нест, обод намудан ҳунар аст. Агар ҳунари ободкорӣ надоред, пас вайронкорӣ накунед!

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш меравад, рушд мекунад ва ҳамарӯза ободу зебо мегардад. Барқарории сулҳу таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ҳуқуқасоси дунявӣ, фароҳам овардани зиндагии шоиста барои тоҷикистониён дар меҳвари сиёсати   Пешвои миллат қарор дорад ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу оромӣ, ободиву пешрафт улгуе барои мамлакатҳои минтақа хоҳад шуд. Бинобар ин, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, фирефта нашудан ба иғвоҳои неруҳои фурсатталаб ва аз самими дил камари ҳиммат бастан барои ободонии ин кишвари маҳбуб вазифаи ҳар як тоҷики ватандӯсту худогоҳ аст.

С. Хоҷазод,

доктори илмҳои филология,

профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj