• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.

Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Бо мақсади ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, колеҷҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои  таълимӣ  шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб  расонида, вобаста ба талаботи шароити муосир курсҳои такмили ихтисос, бозомўзӣ, конфронсҳо, семинарҳои илмию омўзишӣ ва мизҳои мудавварро ташкил ва баргузор менамояд. Дар ин баробар ҷиҳати  ҷалб намудани  устодони соҳибтаҷриба марказ бо 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар раванди курсҳои такмили ихтисос, бозомўзӣ, конфронсҳо, семинарҳои илмию омўзишӣ ва мизҳои мудаввар барои иштироккунандагон ва инчунин шунавандагони курсҳои сайёр шароити мусоид фароҳам оварда мешавад ва дар ин зимн онҳо  метавонанд аз васоити электронии китобхонаи донишгоҳ маводи лозимии хонишро дастрас намоянд.Фаъолияти Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо дар асоси замимаи Меъёрҳои муайянкунанда ва назорати раванди таълим дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муаасисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ, аз рўйи 13 навъи ихтисос (педагогика, психология, филологияи тоҷик, забони англисӣ, забонҳои романию германӣ, таърих, математика, химия, биология, география, технология, технологияи информатсионӣ) ба роҳ монда шуда, тибқи нақшаи таълимӣ бо давомнокии 12 –рўза, 30 – рўза ва 3 – моҳа    барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ амал мекунад. Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2018, таҳти № 1686 таъсис ёфтааст. Ҳамчунин маркази мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки бо силсилаи АУ №0002539, № 3149 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд. 
ва бозомўзии кадрҳои ДДОТ ба номи Садриддин АйнӣМаркази такмили ихтисос

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj