• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ВОХӮРИИ ҚИСМИ ТАРБИЯИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ

 

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва худшиносии миллии донишҷӯён рӯзҳои 12-14 сентябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосӣ вохӯрии масъулини Раёсати донишгоҳ бо муҳассилини курси якуми шуъбаи рӯзонаи факултетҳо баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур Ҷ. Мусоҷонова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Г.Саидова, раиси шӯрои занони донишгоҳ, О.Ашӯрова, роҳбари ансамбли “Чеҳранамо”, Д.Раҷабов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, С.Қувватов, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Ба донишҷӯён талаботи низомнома ва дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён фаҳмонида шуда, риояи ҳатмии қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ таъкид карда шуд. Зимни вохӯрӣ ҳамзамон намоиши сарулибоси намунавии донишҷӯён доир гардид.  Чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни соли аввали таҳсил ҳамасола баргузор карда мешавад, ки ҷиҳати ошноӣ бо муҳити фарҳангию таълимии донишгоҳ ва заминагузорӣ дар рушди маънавию ахлоқии онҳо таъсири муҳим мерасонад, қайд намуданд масъулини ташкилу баргузории вохӯрии мазкур. 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj