Маълумотнома |
There are no translations available. Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»(АМОҶТ, с. 2013, № 7, мод. 532; с.2014, №3 , мод.156; №7,қ.2, мод.422; с.2016, №3, мод.148,№7, мод.624)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: — адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд; — аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот; — аспирант – шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд; — аттестатсияи хатм – тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот; — аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда; — баҳогузории маҷмўӣ ба фаъолият – иҷозатномадиҳии такрорӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии навбатии муассисаи таълимӣ дар шакли муттаҳидшудаи ин амалиёт дар як мўҳлат; — бакалавр – шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст; — барномаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд; — интернатура – ихтисосгирии баъдидипломӣ барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтӣ; — донишҷў – шахсе, ки дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ (бакалавриат, магистратура ва мутахассис) таҳсил менамояд; — зинаҳои таҳсилот – марҳилаҳои таълиму тарбия, ки давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд; — китоби дарсӣ – воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро пайдарҳам ифода менамояд; — маблағгузории сарикасӣ – маблағгузорие, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад; — магистратура – дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад; — мазмуни таълим – сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимие, ки азхудкунии он имкони гирифтани дараҷаи таҳсилот ва ихтисоси муайянро медиҳад; — мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат ва роҳбарӣ менамояд; — мақомоти дахлдори давлатӣ – мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатие, ки ваколатҳои муайянеро дар соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд; — мактаби (синфи) камнуфус – муассисаи таълимие (синфе), ки дар маҳалҳои камаҳолӣ барои бо таҳсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад; — маориф – раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки соҳиби дараҷаи муайяни таҳсилот гардидани таълимгирандагонро таъмин мекунад; — машғулияти инфиродӣ – шакли таълим бо истифодаи тарзҳои гуногуни таълими инфиродӣ, ки ба хонанда ё донишҷў дониши иловагӣ медиҳад; — муассисаи таълимӣ – ташкилоти таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба роҳ монда, як ё якчанд барномаҳои таълимиро амалӣ мегардонад; — муассисаи таълимии махсус – ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва муҳити махсуси педагогӣ буда, офияти тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомўзии кўдаконеро, ки ба табобати тўлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин менамояд; — муассисаи томактабӣ – ташкилоте, ки барои кўдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи аввалия фаро мегирад; — мутахассис – шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ имконият дорад; — натиҷаи таълим – маҷмўи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ соҳиб мегарданд; — нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омўзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд; — низоми маориф – мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмўи барномаҳои таълимӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд; — нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии шахсоне, ки муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳои байналмилалиро хатм кардаанд; — омўзгор – шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбия машғул мебошад; — фаъолияти инфиродии омўзгорӣ – фаъолияти омўзгорие, ки дар муассисаи таълимӣ берун аз вақти корӣ ва ё берун аз муассисаи таълимӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад; — ординатура (резидентура) – таҳсилоти олии касбии баъдидипломии тиббие, ки аз рўи ихтисосҳои муайяни тиббӣ зери роҳбарии табиби дараҷаи илмидошта ё табибони пуртаҷриба анҷом дода мешавад; — сифати таълим – тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад; — сифати таҳсилот – маҷмўи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ; — стандартҳои давлатии таҳсилот – маҷмўи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту мўҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд; — тарбия – раванди мақсадноки ба воя расонидани кўдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ў; — таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омўзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кўдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ў; — тарбиягиранда – кўдаке, ки дар муассисаҳои томактабӣ бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст; — таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишҷў, аспирант, шунавандаи муассисаи таълимӣ; — таҳсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст; — таҳсилоти калонсолон – маҷмўи равандҳои таҳсилот, ки бо кўмаки он калонсолон қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд; — таҳсилоти муттасил – дар тўли ҳаёт гирифтани таҳсилот ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ; — таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омўзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад; — таҳсилоти фарогир – барои кўдакон, новобаста ба ҷинс, нажод, забон, миллат, эътиқоди динӣ, иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, қобилият, вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот; — таҷҳизоти таълимӣ – таҷҳизоте, ки дар раванди таълим барои ташаккули дониш, маҳорат, малака, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии таълимгирандагон истифода мешавад; — раванди таълим – низоми фаъолияти таълимию тарбиявӣ барои расидан ба мақсадҳои таълим; — экстернат – омўзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи хатм дар муассисаҳои таълимӣ. Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад: — баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат; — қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; — бартарии соҳаи маориф дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ; — ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ; — дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун; — бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардўстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс; — муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист; — ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардўстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ; — ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ; — ҷанбаи инсондўстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он; — мустақилияти муассисаҳои таълимӣ; — раванди муттасили таҳсил; — мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон; — рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот; — ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ў; — пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад; — ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот. Моддаи 5. Вазифаҳои Қонуни мазкур Вазифаҳои қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд: — таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил; — фароҳам овардани кафолати ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ; — муқаррар намудани салоҳият, ваколатҳо, вазифаҳо, ҳуқуқҳо, ўҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия; — муҳайё намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ; — фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим; — мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс; — тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ; — тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ; — дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои худ. Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил
10. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд. Моддаи 7. Забони таҳсил
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ
— ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо; — ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ; — талаботи асосӣ ба сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон; — мўҳлати омўзиши барномаҳои таълимӣ; — ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилот.
— томактабӣ; — таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ); — таҳсилоти ибтидоии касбӣ; — таҳсилоти миёнаи касбӣ; — таҳсилоти олии касбӣ; — таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ; — таҳсилоти иловагӣ; — таҳсилоти махсус; — таҳсилоти калонсолон.
10. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ менамояд. БОБИ 2. НИЗОМИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 9. Сохтори низоми маориф
— стандартҳои давлатии таҳсилот; — барномаҳои таълимӣ; — шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот; — мақомоти идоракунии маориф; — муассисаҳои таълимӣ; — субъектҳои раванди таълиму тарбия; — муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф; — иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ; — воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳо.
— гирифтани таҳсилот ва таъмини он; — гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ; — тақсимоти ҷойҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ; — амалӣ намудани барномаҳои миллии арзёбӣ; — мусоидат барои иштирок дар пажўҳишҳои байналмилалӣ; — мониторинг ва арзёбии дониш аз рўи вазифаҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Муассисаи таълимӣ, сохтор ва намудҳои он
— томактабӣ; — таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ); — таҳсилоти ибтидоии касбӣ; — таҳсилоти миёнаи касбӣ; — таҳсилоти олии касбӣ; — таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ; — таҳсилоти иловагӣ; — таҳсилоти махсус; — муассисаҳои таълимии дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд.
Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ
Моддаи 12. Тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ
Моддаи 13. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ
— мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф; — иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ; — фондҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд; — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълимӣ
— ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми муассиса; — муассис (муассисон); — шакли ташкилию ҳукуқӣ; — маълумот оид ба намояндагиву филиалҳо; — мақсади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ; — тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таҳсил, тартиби қабул ва хориҷ намудани таълимгиранда, мўҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳон, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии таълимии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди он; — тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимӣ бо тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷўён ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда); — сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи таълимӣ, аз ҷумла тартиби истифодаи объектҳои моликият, манбаъҳои маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ, тартиби ташаккули моликият, намуди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти пулакӣ; — тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ташкили тарзи идоракунӣ, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандон, шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ; — ҳуқуқу вазифаҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия; — феҳристи санадҳои дохилие, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим менамоянд.
Моддаи 15. Таълиму тарбияи томактабӣ
Моддаи 16. Таҳсилоти умумӣ
10. Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад. 11. Муассисаи таълимӣ ўҳдадор аст, ки дар бораи хориҷ гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад. 12. Қарори мазкур нисбат ба кўдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ қабул карда мешавад. 13. Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба муассисаи таълимии дигар гузаронидани чунин хонандагонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамоянд. 14. Таҳсили кўдакони ятиму бепарастор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда ташкил карда мешавад. 15. Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ ба роҳ монда мешавад. 16. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомўзӣ иҷозатнома доранд, метавонанд дар асоси шартнома хизматрасонии таълимии иловагӣ, аз ҷумла пулакиро ба роҳ монанд. 17. Тайёрии ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 18. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагони ҷинси мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рўи барномаи таълимие, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиа тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад. 19. Шаҳрвандон барои таҳсилоти динӣ гирифтан дар муассисаҳои таълимии динӣ ҳуқуқ доранд. Фаъолияти ин муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар асоси иҷозатномае, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф медиҳад, амалӣ карда мешавад. 20. Гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони то синни 18 танҳо бо ризоияти хаттии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) иҷозат дода мешавад. Моддаи 17. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вобаста ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда мешаванд. Моддаи 18. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
Моддаи 19. Таҳсилоти олии касбӣ
10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ вобаста ба имконоти моддию техникӣ барои тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд. Кафедраҳои ҳарбӣ ба сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ шомил мебошанд. 11. Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян мегарданд. Моддаи 20. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Моддаи 21. Таҳсилоти иловагӣ
— марказҳои эҷодии кўдакон ва наврасон; — академияҳои хурди илмҳо; — қасрҳо, стансияҳо, клубҳои кўдакон ва наврасон; — мактабҳои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва рассомӣ; — курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ; — хонаҳо, студияҳои эҷодиёти кўдакон ва наврасон, лагерҳои варзишӣ ва сайёҳӣ; — мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакону наврасон, клубҳои варзишии кўдакон ва наврасон, варзишгоҳҳои кўдакона; — клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист; — клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон; — муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ; — муассисаҳои таълимии ибтидоии махсуси бадеӣ; — муассисаҳои такмили ихтисос, бозомўзӣ ва дигар муассисаҳое, ки иҷозатномаи дахлдор доранд.
Моддаи 22. Таҳсилоти махсус
10. Таълиму тарбияи кўдакон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси давлатӣ ройгон аст. Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
— аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9); — аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12)); — шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурўҳ) — барои шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда касб омўхтаанд; — диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ; — диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ; — диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр) – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ; — намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
10. Ба хонандагон ва донишҷўёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад. 11. Тартиби мукофотонидани хонандагон бо медали тилло ва нуқра ва додани аттестати (шаҳодатномаи) аъло ва дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 12. Ба хонандагон ва донишҷўёни дорои рафтори намунавие, ки муассисаҳои таълимиро бо баҳои аъло хатм кардаанд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад. 13. Тартиби пешниҳод ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 14. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ инчунин нишони сарисинагӣ дода мешавад, ки намунааш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад. 15. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилот, ки бо мўҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад, шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад. 16. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ қайдкардашуда ба амалигардонии фаъолияти касбӣ, аз ҷумла ишғол намудани вазифаҳое, ки барояшон талаботи тахассусӣ ба дараҷаи таҳсилот муқаррар шудааст, ҳуқуқ доранд. 17. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршударо месупоранд, ки онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибор доранд. 18. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро бо мўҳри худ тасдиқ мекунанд. 19. Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ мекунад. 20. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳоро шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намуда бошанд ё он давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ё созишномаи дахлдор дошта бошанд. 21. Нострификатсияи ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳоро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома ё созишнома надоранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд. Моддаи 24. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ
Моддаи 25. Ташкили раванди таълиму тарбия
10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷўён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷўён, аспирантон, докторантон, омўзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст. 11. Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббию педагогӣ фаъолият карда метавонанд.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Моддаи 26. Мақсад ва шаклҳои танзими давлатӣ дар соҳаи маориф
Моддаи 27. Идоракунии сифати таҳсилот
Моддаи 28. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф
— иҷозатномадиҳӣ; — баҳогузории маҷмўӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ; — аттестатсияи давлатӣ; — аккредитатсияи давлатӣ; — назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф.
Моддаи 29. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ
Моддаи 30. Баҳогузории маҷмўӣ ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ
БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ
Моддаи 31. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф
— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; — мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф; — вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд; — мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; — мақомоти маҳаллии идоракунии маориф; — мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
Моддаи 32. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф инҳо мансубанд: — муайян ва таъмин намудани рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ; — таъмин кардани роҳбарии самараноки соҳаи маориф; — бо пешниҳоди вазорату идораҳо таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои махсуси таълиму тарбия, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои он; — тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот; — тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, таъмини онҳо аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ; — муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи онҳо, мусоидат намудан ба пешрафти муассисаҳо, паркҳои технологӣ ва марказҳои илмие, ки дар сохтори муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд; — таъсиси марказҳои илмию инноватсионӣ, паркҳои технологӣ; — ҳамоҳангсозии байнисоҳавии илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади амалӣ намудани консепсияҳо, барномаҳо, лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ, технологию коммуникатсионӣ; — муайян намудани тартиби додани иҷозатнома, гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, баҳогузории маҷмўӣ ба фаъолият ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омўзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимӣ; — тасдиқи феҳристи касбу ихтисосҳое, ки бо шакли экстернат гирифтани онҳо манъ аст; — тасдиқи феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ; — тасдиқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1125), (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1346) — муайян намудани меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории соҳаи маориф, тартиби маблағгузории буҷетии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ; — ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор; — тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот, низомномаҳо дар бораи аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, муайян намудани имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобаста; — муайян намудани андозаи музди меҳнат ва маоши вазифавии омўзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ, меъёрҳо ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо, грантҳо, ҷоизаҳо ва стипендия барои кормандони мазкур, хонандагон, донишҷўён, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқоне, ки ба вазифаи ходими илмӣ гузаронида мешаванд; — муайян ва тасдиқ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи маориф; — тасдиқ намудани тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон; — амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 33. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дохил мешаванд: — амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф; — таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи маориф; — назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ; — ба имзо расонидани шартнома ва дигар санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо тартиби муқарраршуда; — таҳияи низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва пешниҳод намудани онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; — дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ намудани оиннома, дастурамал ва қоидаҳои намунавӣ, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии дахлдорро танзим менамоянд; — пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ; — додани иҷозатнома барои амалӣ кардани фаъолияти таълимӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; — таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани онҳо; -тасдиқ ва назорати риояи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот; — муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот; — баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф; — дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини заминаҳои моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо; — дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани андозаи маблағи таҳсил, аз ҷумла маблағи таълими пулакӣ барои муассисаҳои таълимӣ; — бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмил додани маҳорати касбии мутахассисон тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол мутобиқи низомнома ва қоидаҳои муқарраршуда гузаронидани аттестатсияи омўзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ; — барои баҳогузории маҷмўӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол бо тартиби муқарраргардида ташкил кардани аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ; — тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳогузории маҷмўӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ бо мақсади муқаррар намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҳар 5 сол дар асоси низомномаи дахлдор ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ; — тасдиқ кардани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ; — бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони аввал ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мактаб — интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф; — ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони воҳидҳои сохтории муассисаю дигар ташкилотҳо, ба истиснои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд; — дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян кардани ихтисос ва равияҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ва бозори меҳнат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ бо назардошти имконияти воқеии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ; — додани иҷозат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он барои таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва таъсиси вазифаи ходими илмӣ; — тасдиқ кардани қоидаҳои умумии қабули тарбиягирандагон ва таълимгирандагон ба муассисаҳои томактабӣ, таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва назорати иҷрои онҳо; — тасдиқ кардани тартиб ва тарзи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1125) — дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ намудани таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ; — муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаи маориф; (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1295) — ташкил кардани такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф; — бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тасдиқ намудани қоидаҳои ҷойивазкунии роҳбарони мақомот ва муассисаҳои сохтории худ; — таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идоракунии маориф бо муассисаҳои таълимӣ; — таъмин ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф, маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда; — назорати раванди таъсис ва фаъолияти марказҳои инноватсионӣ ва паркҳои технологӣ; — бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн; — тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани дигар ваколатҳо. Моддаи 34. Ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд: — оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, таҳсилоти махсус ва марказҳои таҳсилоти калонсолон дар сохтори худ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамоянд; — бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, муовинони якум ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд; — раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори худ таъмин менамоянд; — нақшаю барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро вобаста ба имконоти молиявӣ амалӣ менамоянд; — такмили ихтисос, бозомўзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи омўзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва воҳидҳои сохтории худро ташкил ва таъмин менамоянд; — фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи сохтори худро назорат намуда, аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда онҳоро маблағгузорӣ мекунанд; — дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, инчунин баҳогузории маҷмўӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимии сохтори худ ва раванди иҷозатномадиҳӣ ба онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд; — якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф стандартҳои давлатии таҳсилотро барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии соҳавӣ ё муассисаҳои зертобеи худ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд; — ба нашри китобҳои илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ мусоидат менамоянд; — аттестатсияи омўзгорон ва кормандони ихтисосҳои (фанҳои) тахассусии муассисаҳои таълимию илмии худро мегузаронанд; — ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии зертобеи худ роҳхати корӣ дода, бо кор таъмин намудан ва раванди ба кор рафтани онҳоро назорат менамоянд; — низоми таҳсилоти муттасили касбию тахассусии соҳавии худро муайян менамоянд; — тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд. Моддаи 35. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ваколатҳои зеринро доранд: — сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамоянд, барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва дигар хусусиятҳо таҳия намуда, амалӣ мегардонанд; — фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунии маорифро назорат менамоянд; — муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки мақоми маҳаллӣ доранд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам медиҳанд; — буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла буҷети соҳаи маориф ва фондҳои дахлдори рушди маорифро ташаккул дода, на камтар аз меъёрҳои ҳадди ақалли аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида меъёрҳои маҳаллии маблағгузории соҳаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд; — шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф таъмин менамоянд; — ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд; — барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи асосӣ дур нашудани хонандагон тадбирҳо андешида, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот назорат менамоянд; — аз ҳисоби маблағи иловагии худ барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои маҳаллии маориф шароити мусоид фароҳам месозанд; — такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро маблағгузорӣ менамоянд; — тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва ё имтиёзноки тиббӣ таъмин мекунанд; — тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд. Моддаи 36. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф Мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар фаъолияти худ дорои чунин ваколатҳо мебошанд: — муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, намояндагӣ мекунанд; — кўдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таълиму тарбияи онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ зери назорат мегиранд; — васояту парастории кўдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) маҳрум мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро ба хонаҳои кўдакон ё мактаб-интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васӣ ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд; — мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ таъмин мекунанд; — аттестатсияи омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро гузаронида, ба онҳо дараҷаҳои тахассусӣ медиҳанд; — фармоиши давлатиро оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар асоси озмун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии маҳаллӣ иҷро мекунанд; — роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд; — ба мақомоти болоӣ дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ ҳисоботи оморӣ пешниҳод менамоянд; — барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ дур нашудани хонандагон масъул буда, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот таъмин менамоянд; — фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро зери назорат гирифта, барои ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҷалб намудани онҳо тадбирҳо меандешанд; — барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар тайёр намудани хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тадбирҳо андешида, омодагии онҳоро якҷоя бо муассисаҳои таълимӣ зери назорат мегиранд; — оинномаи муассисаҳои таълимии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунанд; — такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тавассути шабакаи кабинетҳои методӣ ба нақша мегиранд ва ташкил мекунанд; — муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидоштаро аз аттестатсия мегузаронанд ва ба фаъолияти онҳо баҳо мегузоранд; — тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд. Моддаи 37. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи фаъолияти худ ваколатҳои зеринро доро мебошанд: — барои барҳам додани муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии давлатӣ дар ҳудуди дахлдор ризоият медиҳанд; — ба беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва шароити моддию маишии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф мусоидат менамоянд; — дар бобати беҳбудии шароити иҷтимоии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф чораҳо меандешанд; — тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд. Моддаи 38. Вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ
— оинномаи худро таҳия намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд мегузаронанд; — қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимии худро тасдиқ менамоянд; — нақшаҳои таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳоро тасдиқ менамоянд; — талаботи иҷозатномаро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ риоя менамоянд; — дар раванди таълиму тарбия усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ менамоянд; — аттестатсияи мобайнӣ ва аттестатсияи хатми хонандагон ва донишҷўёнро гузаронида, сатҳи сифати таълимро назорат менамоянд; — шаклҳои нави таълим, аз ҷумла таълими кредитиро татбиқ менамоянд; — такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд; — бақайдгирӣ (инвентаризатсия), ҳифз ва нигоҳубини мол, ашё ва таҷҳизоти таълимиро таъмин менамоянд; — бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявию пулӣ тадбирҳо меандешанд; — тарзи ҳаёти солимро дар байни таълимгирандагон тарғиб намуда, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатариро риоя мекунанд; — барои аз таҳсил дур намондани кўдакони синни мактабӣ якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти оморӣ ҷамъ намуда, ҷалби хонандагонро ба зинаҳои таҳсилот назорат менамоянд; — ба таълимгирандагони эҳтиёҷманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намуда, онҳоро бо маводи зарурӣ таъмин менамоянд; — хонандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбии кишвар ва хориҷа омода менамоянд; — ба хонандагон тарзи дурусти интихоби касбро таълим дода, роҳнамоии касбиро ба роҳ мемонанд; — ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд; — сохтор, ҷадвали вазифаю маош, тақсимоти ўҳдадориҳои вазифавии омўзгорон ва дигар кормандони муассисаи худро тасдиқ менамоянд; — ба маоши вазифавии омўзгорони муассисаи худ иловапулиҳо муқаррар намуда, тартиб ва андозаи мукофотпулиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд; — омўзгорон ва дигар кормандони худро ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешбарӣ менамоянд; — ба заминаҳои моддию техникии муассисаи худ таҳким бахшида, мутобиқи талаботи меъёрӣ бо таҷҳизот ва ашёи таълимӣ таъмин менамоянд; — тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳо ва воситаҳои иловагии моддию молиявиро ҷалб менамоянд; — фаъолияти нуқтаҳои хўроки умумӣ ва тиббиро таъмин ва таҳти назорат қарор дода, барои беҳтар намудани шароити онҳо тадбирҳо меандешанд; — ба фаъолияти омўзгорон, дигар кормандон ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд; — вазифаҳои дигареро, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст, иҷро мекунанд.
Моддаи 40. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ
Моддаи 41. Худидоракунии муассисаҳои таълимӣ
10. Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ намояндагони ҳайати профессорону омўзгорон, хонандагон, донишҷўён, аспирантон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд. 11. Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зеринро меандешанд: — раванди таълиму тарбияро ташаккул дода, иҷрои онро назорат менамоянд; — фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимиро назорат менамоянд; — ба беҳтар шудани вазъи молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. Моддаи 42. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи маориф 12. Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои илму техника, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ташаккул меёбад. 13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, дастовардҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва фарҳангиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ менамоянд. 14. Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар муассисаҳои илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамоянд.
БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ. МАҚОМИ ОМЎЗГОР
Моддаи 43. Субъектҳои раванди таълиму тарбия Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дохил мешаванд: — таълимгирандагон, коромўзон, интернҳо, ординаторҳо, докторантон, унвонҷўёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, кормандони соҳаи такмили ихтисос ва бозомўзӣ; — мураббиён, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф; — ходимони илмӣ, кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ; — падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда); — намояндагони муассисаву дигар ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд. Моддаи 44. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия 15. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 16. Хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд.
10. Хонандагон ва донишҷўён аз оилаҳои камбизоат, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома таҳсил менамоянд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои «4» (хуб) ва «5» (аъло) месупоранд, бо тартиби муқарраргардида ба гурўҳҳои таҳсили ройгон гузаронида мешаванд. Тартиби ба таври истисно ба гурўҳҳои таҳсили ройгон гузаронидани чунин хонандагон ва донишҷўёнро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. 11. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд. 12. Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳсил мекунанд, дар мавриди мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии иловагӣ аз ҷойи кор ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳуқуқ доранд. 13. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимӣ метавонад дар доираи имкониятҳои худ барои таълимгирандагон дигар намуди имтиёзҳоро муқаррар намояд. Моддаи 45. Стипендия ва дигар пардохтҳои пулӣ
— стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; — стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»; — стипендияи давлатии академӣ барои донишҷўён; — стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантон; — стипендияи номӣ.
10. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, стипендияи давлатии академӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. 11. Ба таълимгирандагон дигар пардохтҳои пулӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Моддаи 46. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар соҳаи маориф
— барои фарзандони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия ва шакли таълимро интихоб намоянд; — дар кори мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ иштирок намоянд; — ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд; — манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд; — барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.
— барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ўро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд; — ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳифз намоянд; — фарзандонро дар рўҳияи инсондўстӣ, ватанпарастӣ, накўкорӣ, эҳтироми оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд; — ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд.
Моддаи 47. Мазмуни мақоми омўзгор Мазмуни мақоми омўзгор вобаста ба хусусиятҳои касбӣ маҷмўи омилҳои зеринро, ки мақоми омўзгорро дар ҷамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад: -қадру қимати касби омўзгорӣ; -талабот ба меъёрҳои тайёрии касбӣ ва маҳсули меҳнати омўзгор; -дараҷаи эътироф ва дастгирии омўзгор аз тарафи давлат; -ҳурмату эҳтироми омўзгор дар ҷамъият, муассисаи таълимӣ, оила ва байни таълимгирандагон; -шароити таъминоти моддии омўзгор; -ҳолати ҳифзи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии омўзгор. Моддаи 48. Фаъолияти омўзгорӣ
Моддаи 49. Усулҳои фаъолияти омўзгорӣ Фаъолияти омўзгорӣ бо усулҳои зерин амалӣ мегардад: — муносибати маҷмўӣ ба таълим ва тарбия; — хусусияти башардўстонаи таълиму тарбия ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон; — риояи принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ; — дар назар доштани аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва дигар хусусиятҳои шахсии таълимгирандагон; — тарбияи таълимгирандагон дар рўҳияи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ; — риояи принсипи муттасилии таҳсилот; — муносибати эҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти омўзгорӣ вобаста ба мақсаду вазифаҳои таълим; — дар асоси дастовардҳои навтарини илм, техника, технология ва фарҳанг такмил додани дониши худ; — робита бо таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда); — ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои кўдакон ва наврасон, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Моддаи 50. Ҳуқуқҳои омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
— шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд; — фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии худро таҳким бахшанд; — барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд; — ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд; — шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд; — барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.
Моддаи 51. Ўҳдадориҳо ва масъулияти омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
— оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд; — сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд; — азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд; — дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омўзгорӣ худро дар канор нагиранд; — таълимгирандагонро аз амалҳои зўроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд; — аз доираи мавзўе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд; — дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд; — вобаста ба имконот дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд; — меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон ва донишҷўён дар раванди дарс риоя намоянд; — журнали синфӣ (гурўҳӣ)-ро дар доираи муқаррарот пур намоянд; — ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рўҳия тарбия намоянд; — бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд; — меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд; — дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд; — аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзўи дарс берун аст, худдорӣ намоянд; — ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд; — дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд; — вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд; — маводи нави илмӣ, таълим, методӣ, рўзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд; — маводи таълимӣ, конспект, нақшаҳои тақвимӣ, лексияҳо ва корҳои санҷишиву озмоишии хаттии худро дар сатҳи касбӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ намоянд; — барои инкишофи маҳорат ва малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кўшиш намоянд; — барои дар озмунҳои (олимпиадаҳои) ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд; — қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд; — барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд; — аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намоянд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рўзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд; — услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омўзанд ва таълимгирандагонро ба омўзиши онҳо ташвиқ намоянд; — санҷишу имтиҳонҳои қабул ва ҷориро аз рўи меъёрҳои муайянгардида гузаронида, дар вақти баҳогузорӣ ба амалҳои субъективӣ роҳ надиҳанд; — аттестатсияи хатм ва имтиҳонҳои хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон баҳои воқеӣ гузоранд; — рўзномаи хонандагон ва дафтарҳои санҷишии донишҷўёнро санҷида, баҳои дар журнал ва варақаи имтиҳонӣ қайдгардидаро ба онҳо гузаронанд; — дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд; — иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд; — таълимгирандагонро дар рўҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд; — ҷалби таълимгирандагонро ба ташкилотҳои хонандагон ва донишҷўён таъмин карда, онҳоро дар рўҳияи ватандўстӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин, муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд; — корҳои илмӣ, эҷодии адабӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар корҳои таълимгирандагонро роҳнамоӣ намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии онҳо шароит муҳайё намоянд; — нисбат ба хонандагон ва донишҷўёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепўшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд; — нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд; — дар таҳия ва омода намудани иншо, кори санҷишӣ, корҳои хаттии эҷодиву илмӣ, реферат, кори курсӣ, таҳқиқоти илмӣ, рисола, лоиҳаи дипломӣ ва инноватсионӣ ба таълимгирандагон роҳбарӣ намоянд; — дафтарҳои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рўи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ намоянд.
— ба истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳанд; — ба хонандагон ва донишҷўён маслиҳати методӣ ва илмӣ дода, дигар хизматрасонии таълимиро амалӣ намоянд; — дар вақти корӣ ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълимӣ берун нараванд; — қобилияти иҷтимоӣ ва ҷисмонии хонандагон ва донишҷўёнро ба манфиати шахсӣ истифода набаранд; — ўҳдадориҳои роҳбари синф (гурўҳ)-ро дар доираи меъёрҳои муқарраршуда иҷро карда, бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) робита барқарор намоянд; — ба намуди зоҳирии худ диққат дода, дар муассисаи таълимӣ либоси тавсиявиро пўшанд, таълимгирандагонро дар рўҳияи зебопарастӣ тарбия кунанд; — ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, қадру эътибори онҳоро паст назананд; — одобу ахлоқи омўзгориро риоя намоянд.
Моддаи 52. Ҳифзи шаъну шарафи омўзгор
Моддаи 53. Имтиёзҳои омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
— мўҳлати даъвати омўзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад; — ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд; — ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд; — аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд; — барои дастовардҳо дар фаъолияти омўзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд; — барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд; — омўзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд; — ба омўзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омўзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд; — барои омўзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омўзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад; — бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд; — омўзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; — бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд; — омўзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд; — омўзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омўзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгўи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд; — барои омўзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; — барои омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 54. Таъминоти моддии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ДАР НИЗОМИ МАОРИФ
Моддаи 55. Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ
-даромад аз фурўши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ; — воридот аз иҷрои кор ва хизматрасоние, ки хусусияти илмӣ ва илмию методӣ доранд; — тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии пулакии мутахассисон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар асоси шартнома; — фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба шарте ки онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълимӣ набошанд; -пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағе, ки аз ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ ворид мешаванд; -грантҳо; — қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ.
Моддаи 56. Андозбандӣ дар соҳаи маориф
Моддаи 57. Ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳои таълимӣ
Моддаи 58. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ
— барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд; — омўзиши амиқи мавзўи дарсҳо, агар чунин омўзишро намуди дахлдори муассисаи таълимӣ муайян накарда бошад; — дигар намудҳои таълим берун аз стандартҳои давлатии таҳсилот.
10. Ба омўзгорони ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ амалӣ намудани фаъолияти пулакии омўзгорӣ ва дигар намуди фаъолияти тиҷоратӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар асоси шартнома иҷозат дода мешавад. 11. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартнома хизматрасонии пулакии таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла таълим дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилотро ба роҳ монанд. Муносибати байни муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, таълимгиранда ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо шартномае танзим мегардад, ки дараҷаи таҳсилот, мўҳлати таълим, андоза ва тартиби пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд. 12. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ фаъолияти тиҷоратӣ ҳисобида намешавад, ба шарте ки даромад аз чунин фаъолият пурра барои пардохти хароҷоти раванди таълиму тарбия ва такмили он, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи таълимии марбута, сарф карда шавад. Моддаи 59. Ҷуброни зарари аз таҳсилоти бесифат расондашуда
— таҳсилоти такрорӣ дар ҳаҷми зарурӣ дар ҳамон муассисаи таълимӣ; — маблағи барои таҳсил пардохтшударо пас гирад.
Моддаи 60. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ
Моддаи 61. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълимӣ ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд. Моддаи 62. Фондҳои соҳаи маориф
— маблағи хайрияе, ки аз эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даст омадааст; — маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 63. Эҳсонкорӣ дар соҳаи маориф
Моддаи 64. Ҳифзи саломатӣ ва ташкили хўроки умумӣ дар соҳаи маориф
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Моддаи 65. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф
Моддаи 66. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 67. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Моддаи 68. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи маориф» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 345; с. 2005, №12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546; с. 2008, №6, мод. 465; с. 2009, №3, мод. 81; №5, мод. 336; №7-8, мод. 500; с. 2010, №7, мод. 566; с. 2011, №3, мод. 176) аз эътибор соқит дониста шавад. Моддаи 69. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1004 |