• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

БЕҲТАРИН ҶАВОНДУХТАРИ ҲУНАРМАНДИ СОЛ МУАЙЯН ШУД

Бо ташаббуси қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни донишҷўдухтарони факултетҳои донишгоҳ озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол» баргузор гашт, ки аз ҳар як факултет як нафар донишҷўдухтар иштирок карданд. Озмун аз панҷ шарт иборат буд, ки ҳар як шарт то панҷ дақиқа иҷро карда шуд. Дар охир беҳтаринҳо муайян гардиданд ва ҷойи якум насиби донишҷўи факултети филологияи тоҷик Убайдуллозода Нодира шуда, ӯ инчунин барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Сазовори ҷойи дуюм донишҷўи факултети математика Ҳоҷиева Мадина ва ифтихорманди ҷои сеюм донишҷўёни факултетҳои физика Давлатзода Меҳрона ва забон ва адабиёти рус Муқумова Мавлуда гардиданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj