• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Маълумотнома

РАЁСАТИ ТАЪЛИМ

Раёсати таълим дар сохтори донишгоҳ бо мақсади ба танзим даровардани раванди таълим таъсис ёфта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оиннома ва Низомномаи донишгоҳ фаъолият мекунад.

 

Мақсад ва вазифаҳои асосии Раёсати таълим

- раванди таълимро дар донишгоҳ ба нақша гирифта, иҷрои онро ташкил ва таъмин менамояд;
- дар бобати қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангию ахлоқӣ бо роҳи додани маълумоти олии касбӣ дар заминаи ягонагии муттасили раванди таълим ва корҳои тадқиқотию илмӣ саҳм мегирад;
- таҳияи китобҳои дарсӣ ва рисолаҳои таълимию методиро назорат мекунад ва таъминоти онҳоро арзёбӣ карда, доир ба ин масъала ба Шӯрои олимон гузориш пешниҳод мекунад;
- вобаста ба ҳалли мушкилоти тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ба Раёсати донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- нақшаҳои таълимиро таҳия карда, барои тасдиқ ба Шӯрои олимон пешниҳод мекунад;
- доир ба роҳҳои такмил додани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён тадбирҳо меандешад;
- дар самти ҷорӣ намудани технологияи муосири таълим, методу тарзҳои самарабахшва фаъол чораҷӯйӣ мекунад;
- пиромуни сатҳи тахассусӣ, малака ва маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳо андешида, рафти иҷрои нақшаи такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисонро назорат мекунад;
- фаъолияти сохтору зерсохторҳои марбут ба қисми таълимро зери назорат мегирад;
- раванди таълимро, ки ҳадафи он ба донишҷуён додани дараҷаи муайяни таҳсилот ва тахассус мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот татбиқ намудани мазмун ва мундариҷаи таълим маҳсуб меёбад, зери назорат мегирад;
- соатҳои иловагиро дар ҷараёни таълим муайян намуда, якҷо бо мудирони кафедраҳо барои ба танзим даровардани онҳо ҷораҳо меандешад;
- кори устодони соатбайъ ва мутобиқати онро бо нақшаҳои таълимӣ назорат мекунад;
- фаъолияти устодони ҳамкорро назорат намуда, доир ба дурустии нақшаҳои инфиродии онҳо санҷишҳо ташкил мекунад;
- соатҳои вакантии кафедраҳоро муайян карда, барои қабули устодон лоиҳаи озмун ба Ректори донишгоҳ пешниҳод менамояд;
- фонди аудитории донишгоҳро ташкил карда, барои самаранок истифода кардани синфхонаҳо, кабинетҳо ва лабораторияҳо ба Ректори донишгоҳ пешниҳод манзур менамояд;
- сарбории устодонро назорат мекунад ва нисбат ба омӯзгороне, ки дар иҷрои сарборӣ монеа ба вуҷуд меоранд, тадбирҳо меандешад;
- иҷрои нақшаҳои таълимии инфиродии устодонро назорат намуда, доир ба ин масъала ба унвони Раёсат хулосаҳо пешниҳод мекунад;
- фаъол будани компютерҳоро дар ҷараёни дарсҳо назорат карда, доир ба истифодаи технологияи муосир раванди таълим хулосаву пешниҳодҳо манзур менамояд;
- татбиқи гузаштан ба низоми кредитии таҳсилотро дар факултету кафедраҳо назорат намуда, дар таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо иштирок мекунад;
- доир ба ҷамъбасти имтиҳони ҷорӣ ва хатм дар назди Раёсат ва Шӯрои олимон гузориш дода, доир ба натиҷаи онҳо ба унвони Ректори донишгоҳ маълумотномаи мукаммал ирсол менамояд;
- ҷадвали умумидонишгоҳии имтиҳони ҷорӣ ва давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд, якҷо бо ноиби ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷараёни имтиҳоноти ҷорӣ ва хатмро барои факултетҳо тасдиқ мекунад ва рафти ҷараёни онҳоро назорат мебарад;
- барои устуворӣ ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳо ба Раёсати донишгоҳ пешниҳод манзур месозад ва фаъолияти онҳоро зери назорат қарор медиҳад;
- ҷадвали санҷишҳо (санҷишҳои марҳилавӣ, санҷишҳои фосилавӣ), имтиҳонот ва ҷадвали дарсҳои кафедраҳои умумидонишгоҳиро таҷдиди назар ва тасдиқ мекунад, рафти иҷрои онҳоро якҷоя бо кормандони Раёсат зери назорат мегирад;
- фонди аудитории донишгоҳро таҳия намуда, тақсимоти онро миёни факултетҳо ва кафедраҳо ба роҳ мемонад, таъминоти онҳоро бо маводи таълимию техникӣ зери назорат қарор медиҳад;
- таҳияи барномаҳои таълимӣ, стандартҳо, талаботи давлатӣ, силлабусҳо, курси лексияҳоро дар факултетҳо ва кафедраҳо назорат менамояд ва нусхаҳои онҳоро нигоҳдорӣ менамояд;
- дар донишгоҳ мутобиқати нақшаҳо ва барномаҳои таълимиро зери санҷиш қарор медиҳад;
- дар заминаи присипҳои илмият, инсонгарӣ, демократӣ, муттасили ҷараён гирифтани раванди таълимро назорат месозад;
- бо назардошти фарогирии имкониятҳои муосири технологияи иттилоотӣ ҷараён гирифтани таълимро дар факултетҳо ва кафедраҳо санҷида, ба Ректори донишгоҳ гузориш манзур мекунад;
- тайёрии омӯзиш ва иҷрои нақшаю барномаҳои таҳсилоти олии касбиро дар донишгоҳ барои дараҷаҳои тахассусии бакалавриат (4 сол), ихтисосҳои ҳамгиро  (5 сол), магистратура (2 сол) назорат менамояд.

 



Сохтори Раёсати таълим

Раёсати таълимро сардори Раёсат роҳбарӣ мекунад.
Ҳайати Раёсати таълим чунин  аст:
- ҷонишини сардори Раёсати таълим, даҳ воҳиди сармутахассис ва як воҳиди мутахассиси пешбар;
- шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ;
- шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ;
-  шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ;
- шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ;
- шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон;
- Маркази тестӣ;
- Маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ;
- бахши такмили ихтисос;
- кафедраҳои умумидонишгоҳӣ.

 


 

Ҷадвали вобаста ба бастҳо

Ҷадвали давраҳои даъвати донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона (Фосилавӣ) нимсолаи аввал

Ҷадвали давраҳои даъвати донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона (Фосилавӣ) нимсолаи дуюм

Рӯйхати мутасаддиёни факултетҳо аз ҳисоби кормандон

Ҷадвали баргузории муҳокимаҳои дарсҳои видеоӣ

Тақвими академӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1-5-уми гурӯҳҳои академии шакли таҳсили рӯзона

 


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj