Обявление
|
There are no translations available.
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 130-СОЛАГИИ ШӮРИШИ ВОСЕЪ
Дар таърихи 8-уми декабри соли 2018 бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва садорати факултети таърих бахшида ба 130-солагии шӯриши Восеъ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шӯриши Восеъ: ҷунбиши бузурги мардумии зидди истибдоди амирӣ» баргузор мегардад. Дар конференсия масоили зер мавриди баррасӣ қарор мегиранд: -Бухорои Шарќӣ дар охири асри XIX; -заминаҳои таърихии шӯриши Восеъ; -рафти шӯриш; - ҳудуди паҳншавии шӯриш; -Восеъ - шахсияти таърихӣ; -анҷом ва сабабҳои шикасти шӯриш; -инъикоси шӯриши Восеъ дар асарҳои таърихӣ; -аҳамияти таърихии шӯриш; -инъикоси шӯриш дар асарҳои бадеӣ. Муҳлат барои пешниҳоди ному насаб ва унвони маърӯза то 1-уми ноябри соли 2018 муқаррар карда шуда, матни фишурдаи маърӯзаҳо дар ҳаҷми то 10 саҳифаи компютерӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ то 20-уми ноябри соли 2018 қабул карда мешаванд. Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ. Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, факултети таърих Телефонҳо: 224-16-46, 93-451-55-60
Кумитаи тадорукот
|