• Tajik
  • Russian
  • English
менюхо
There are no translations available.

 



Сулаймонов Искандар Одинаевич
сардори Раёсати таълим
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Тел: (+992) 989-11-64-00





Аз 25.06.2022 дар вазифаи сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
Соли таваллуд: 10.10.1961.
Ҷои таваллуд: ш. Ҳисор
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Хатм кардааст: Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ), соли 1982.
Ихтисос: муаллими забон ва адабиёти тоҷик.
Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, форсӣ ва дарӣ.
Дар хориҷа буд ё не: Федератсияи Руссия, Литва (сафари хизматӣ).
Узвият ба ҳизб: Ҳизби халќӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – соли 2010.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд
Суроға: ш. Ҳисор, ҷ/д Сомони ш. Ҳисор, д. Нурафшон (собиқ Шӯроби Поён).
Собиқаи корӣ ва фаъолияти меҳнатӣ

Сана

Вазифаи ишғолнамуда

1982  - 1989

Омӯзгори забон ва адабиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии касалиҳои полиомиелит ва фалаҷи бачагонаи деҳаи Хирманаки н. Ҳисор.

1989 - 1998

Муовини директор оид ба корҳои таълимии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии касалиҳои полиомиелит ва фалаҷи бачагонаи деҳаи Хирманаки н. Ҳисор.

1998 - 2005

Лаборанти калон ва ассистени кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев

2005 - 2020

Муаллими калони кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

2006 - 2007

Муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

2007 - 2008

Муаллими калони кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

2008 - 2010

Муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

2010 - 2015

Сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

2016

Мушовири ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

2016 - 2017

Сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

2017 - 2019

Сардори Маркази бақайдгирӣ ва машваратии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

2019 – 2021

Номзади илми филология, муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

2021-2022

Мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Аз 25-уми июни соли 2022

Сардори раёсати таълими ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 


 



ХОЛИҚОВ УМЕДҶОН  БОБОНАЗАРОВИЧ
Ҷонишини сардори раёсати таълим

Тел. (+992) 917-35-74-14
E-mail: Umedjon1976@mail.ru

 

15.02.1976, деҳаи Қиблаии ноҳияи Ленин (имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ)), муаллими фанни математика. Солҳои 1993–1998 дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Аз соли 1998 ҳамчун ассистент ва муаллими калони кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад. Солҳои 2003–2007 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил кардааст. Дар мавзӯи «Асосҳои методии тайёр кардани муаллими ояндаи математика ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» кори илмӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва 9 дастури методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2021) мукофотонида шудааст. Аз моҳи апрели соли 2012 ба вазифаи муовини сардори раёсати таълим таъин шудааст.


 

 

Ҷаъфарова Сафармоҳ Абдусаломовна (таваллуд 13.02.1982), деҳаи Такоб, ноҳияи Варзоб, муаллими фаннҳои математика ва информатика. Солҳои 2001 - 2006  дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Аз   моҳи апрели солҳои 2006 - 2008 роҳбари омори шӯъбаи таълими донишгоҳ, 2008 – 2012 методисти дараҷаи якум, тақсимот ва ҳисоботи сарбории омӯзгорон шӯъбаи таълими донишгоҳ. Аз соли 2012 ҳамчун ассистенти кафедраи методикаи таълими математикаи донишгоҳ фаъолият намуда истодааст. Оид ба усулҳои фаъолгардонии ташкил ва гузаронидани таҷрибаи педагогии муаллими ояндаи математика беҳтар намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Солҳои 2012-2022 сармутахассиси раёсати таълим оид ба масъалаҳои иҷро нақшаҳои таълимӣ ва таъини сарбориҳо. Аз моҳи январи  соли 2023 ҳамчун сармутахассиси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.

 


 

 

Шарипов Қаҳрамон Баҳромович (таваллуд 01.10.1988, деҳаи Марғедари ш. Панҷакент). Соли 2011 факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси информатика хатм намудааст. Соли 2011 ассистенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, солҳои 2012-2014 сармутахассиси раёсати таълим оид ба омор, соли 2015 сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ машваратӣ, солҳои 2017-2018 сармутахасиси макази тестӣ. Муаллифи зиёда аз 12 мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ мебошад. Дар мавзӯи «Асосҳои методии арзёбиии раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилоти мактаби олии педагогӣ» кори тадқиқотӣ мебарад. Бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” (2020) донишгоҳ қадр карда шудааст. Аз соли 2019 ҳамчун сармутахассиси раёсати таълим оид ба омори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.

 



Убайдуллоева Ситора Ахмедовна (таваллуд 16.12.1985), шаҳри Душанбе.  Солҳои 2003 - 2008 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро аз руи ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст. Солҳои 2011 то 2012 мудири кабинети кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои  2012-2014 ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети иқтисодёт ва идоракунии маорифи ДДОТ ба ном Садриддин Айнӣ. Солҳои 2014-2016 методисти шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисодиёт ва  идоракунии маорифи ДДОТ ба ном Садриддин Айнӣ.  Солҳои 2016-2018 сармутахассиси раёсати таълим оид ба масъалаҳои иҷро нақшаҳои таълимӣ ва таъини сарбориҳо, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ. Солҳои 2018-2022 мудири шуъбаи умумӣ Соли 2022 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети технология. Аз моҳи январи соли соли 2023 сармутахассиси раёсати таълим оид ба масъалаҳои иҷро нақшаҳои таълимӣ ва таъини сарбориҳо фаъолият дорад.

 


 

Муҳаммадзода Ҷурабек Урак (таваллуд 16.01.1984, деҳаи Чоршанбе, ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон), адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2019), дотсент (2021). Мактаби миёна (1991-2002), хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2007),  таҳсил дар бахши аспирантураи донишгоҳ (2008-2012), ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик (ҳоло назария ва таърихи адабиёт (2007 – 2011), омӯзгори калони кафедраи назария ва таърихи адабиёт (2011 – 2020), методисти шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи тоҷик (2014 – 2018), Раиси иттифоқи касабаи кормандон ва устодони факултети филологияи тоҷик (2014 – 2023).  Аз соли 2021 то 2023 дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт. Соли 2019 дар мавзуи «Тарҷума ва истиқболи эҷодиёти Саъдӣ дар адабиёти ӯзбек» аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 -Адабиёти тоҷик  таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Худойдодов Аъзам Овлододович рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ аст. Соли 2022 иҷрокундаи муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба корҳои таълимӣ. Аз 06.09.2023 сармутахассиси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.


 

Назира Мирзораҷабзода (таваллуд 28.08.1991), деҳаи Ҳамдилон, шаҳри Ҳисор. Солҳои 2009-2013 донишҷӯи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2013-2015 муаллими фанни биология дар МТМУ №52-и шаҳри Ҳисор, солҳои 2015-2016 мудири кабинети фаннии электронии факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2016-2018 методисти шӯъбаи ғоибонаи факултети биология, Дар мавзӯи «Хомушакҳои хунмаки водии Ҳисор» кори илмӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ ва 2 дастури методӣ аст. Аз соли 2018 ҳамчун сармутахассиси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.


 

Одинаев Ҳамза Мираҳмадович (таваллуд 26.07.1989), ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ, муаллими фаннҳои математика ва информатика. Солҳои 2007 - 2012  дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи С. Айнӣ таҳсил намудааст.   Аз моҳи декабри  соли 2017 то 2021 дар вазифаи омӯзгори кафедраи Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математикаи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Оид ба усулҳои рушди салоҳиятнокии методии омӯзгорони ояндаи фанни информатика дар ҷараёни омӯзиши забонҳои барномасозии баландфароз кӯшиш ба харҷ медиҳад. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ ва 3 дастури методӣ мебошад. Аз моҳи сентябри соли 2021 дар вазифаи мутахассиси пешбари раёсати таълим фаъолият намуда аз 13.09.2023 дар вазифаи сармутахассиси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj