менюхо |
Ҳакимов Раҷаб Муродович сардори Раёсати таълим номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Тел: 900545913
E-mail: Umedjon1976@mail.ru
15.02.1976, деҳаи Қиблаии ноҳияи Ленин (имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ)), муаллими фанни математика. Солҳои 1993–1998 дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Аз соли 1998 ҳамчун ассистент ва муаллими калони кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад. Солҳои 2003–2007 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил кардааст. Дар мавзӯи «Асосҳои методии тайёр кардани муаллими ояндаи математика ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» кори илмӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва 9 дастури методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2021) мукофотонида шудааст. Аз моҳи апрели соли 2012 ба вазифаи муовини сардори раёсати таълим таъин шудааст.
Ҷаъфарова Сафармоҳ Абдусаломовна (таваллуд 13.02.1982), деҳаи Такоб, ноҳияи Варзоб, муаллими фаннҳои математика ва информатика. Солҳои 2001 - 2006 дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Аз моҳи апрели солҳои 2006 - 2008 роҳбари омори шӯъбаи таълими донишгоҳ, 2008 – 2012 методисти дараҷаи якум, тақсимот ва ҳисоботи сарбории омӯзгорон шӯъбаи таълими донишгоҳ. Аз соли 2012 ҳамчун ассистенти кафедраи методикаи таълими математикаи донишгоҳ фаъолият намуда истодааст. Оид ба усулҳои фаъолгардонии ташкил ва гузаронидани таҷрибаи педагогии муаллими ояндаи математика беҳтар намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Солҳои 2012-2022 сармутахассиси раёсати таълим оид ба масъалаҳои иҷро нақшаҳои таълимӣ ва таъини сарбориҳо. Аз моҳи январи соли 2023 ҳамчун сармутахассиси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
Шарипов Қаҳрамон Баҳромович (таваллуд 01.10.1988, деҳаи Марғедари ш. Панҷакент). Соли 2011 факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси информатика хатм намудааст. Соли 2011 ассистенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, солҳои 2012-2014 сармутахассиси раёсати таълим оид ба омор, соли 2015 сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ машваратӣ, солҳои 2017-2018 сармутахасиси макази тестӣ. Муаллифи зиёда аз 12 мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ мебошад. Дар мавзӯи «Асосҳои методии арзёбиии раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилоти мактаби олии педагогӣ» кори тадқиқотӣ мебарад. Бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” (2020) донишгоҳ қадр карда шудааст. Аз соли 2019 ҳамчун сармутахассиси раёсати таълим оид ба омори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
Убайдуллоева Ситора Ахмедовна (таваллуд 16.12.1985), шаҳри Душанбе. Солҳои 2003 - 2008 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро аз руи ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст. Солҳои 2011 то 2012 мудири кабинети кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2012-2014 ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети иқтисодёт ва идоракунии маорифи ДДОТ ба ном Садриддин Айнӣ. Солҳои 2014-2016 методисти шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисодиёт ва идоракунии маорифи ДДОТ ба ном Садриддин Айнӣ. Солҳои 2016-2018 сармутахассиси раёсати таълим оид ба масъалаҳои иҷро нақшаҳои таълимӣ ва таъини сарбориҳо, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ. Солҳои 2018-2022 мудири шуъбаи умумӣ Соли 2022 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети технология. Аз моҳи январи соли соли 2023 сармутахассиси раёсати таълим оид ба масъалаҳои иҷро нақшаҳои таълимӣ ва таъини сарбориҳо фаъолият дорад.
Одинаев Ҳамза Мираҳмадович (таваллуд 26.07.1989), ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ, муаллими фаннҳои математика ва информатика. Солҳои 2007 - 2012 дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намудааст. Аз моҳи декабри соли 2017 то 2021 дар вазифаи омӯзгори кафедраи Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Оид ба усулҳои рушди салоҳиятнокии методии омӯзгорони ояндаи фанни информатика дар ҷараёни омӯзиши забонҳои барномасозии баландфароз кӯшиш ба харҷ медиҳад. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ ва 3 дастури методӣ мебошад. Аз моҳи сентябри соли 2021 дар вазифаи мутахассиси пешбари раёсати таълим фаъолият намуда аз 13.09.2023 дар вазифаи сармутахассиси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. |