There are no translations available. ЗЕБОӢ ВА ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ
Ҳусейнов Тоҳирҷон Зафарович маъюби гурӯҳи дуюм буда, айни замон донишҷӯи соли 2-юми факултети биология, ихтисоси биология мебошад. Номбурда дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст ва бо ҷоизаю туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шудааст. Аз соли 2016 аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Дурахшон» гардида ва дар амалӣ гардонидани орзуҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд саҳми назаррас гузоштааст. Худи ҳамон сол дар Фестивали ҷумҳуриявии маъюбон, ки бахшида ба рўзи «Байналмилалии маъюбон» санаи 3-юми декабр дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Каритас Олмон» ҷашн гирифта шуд, сазовори номи баланди «Дизайнер» шуда, бо туҳфаи хотирмон – ноутбук қадрдонӣ шудааст. Моҳи феврали соли 2017 узви дастаи яккачини олимпии шаҳри Ваҳдат аз рӯйи намудҳои мухталифи варзиш гардида, дар ду соли фаъолият ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гаштааст. Дар мусобиқаи кушоди шаҳри Ваҳдат дар соли 2017 байни варзишгарони имконияташон маҳдуд оид ба вазнбардорӣ иштирок ва дар вазни 80 кг сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медалу ифтихорнома ва туҳфа қардонӣ шудааст. Худи ҳамон сол дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ ва дастхобонӣ иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. |