• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ҲАҚИҚАТИ ИСЛОМ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Муддатест, ки масъалаи ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонони тоҷик мавриди омӯзиши коршиносони кишвар қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат ин хатарест, ки минбаъд оқибатҳои ногуворро ба бор меорад ва таҳдиде ба ҷомеаи озоду ободи имрӯза мебошад. Насли калонсол ҳамаи инро аз сар гузаронидаву аз он бохабаранд. Аслан ҷавонони ноогоҳи сатҳи фарҳанги сиёсиву ҳуқуқияшон паст, аз илму ирфон ва аз ислом бехабар шомил ба ин гурӯҳҳо мешаванд. Онҳо умри ҷавонашонро барбод дода, худро қурбони ақидаву ғояҳои беасоси ифротиёну тундгароён мегардонанд.

 

Ҷавонон, умуман мардуми тоҷик, мардуми зудбовар ва нисбати ислом бисёр ҳассос мебошанд. Кадом як сухан, ҳаракат, амали нав, расму русуми ба ҷомеаи имрӯза хос набударо дар тарозуи ақл насанҷида, ба зудӣ аз худ мекунанд. Ҳол он ки ҷомеаи ҷаҳон дар инкишоф ва рушду нумӯъ буда, олимони кишварҳои пешрафта ба масъалаҳои мубрамтар, масалан омӯзиши кайҳон, оё дар дигар сайёраҳо ҳаёт ҳаст ё на, давои касалиҳо гуногун, мигратсияи аҳолӣ ва амсоли инҳо банд мебошанд. Чун мо дар аксар маврид саводи кофии динӣ ва дунявӣ надорем, зуд фирефтаи ақидаи иғвогаронаи дигарон мешавем. Аз ин лиҳоз, мо бояд аз ҳама чиз воқиф бошем, ба нишондодҳои мубаллиғони ба ном «Давлати Исломӣ», ки дар навбати худ лухтакҳои кишварҳои абарқудратанд, фирефта нашавем. Онҳо қотилону ҷинояткороне мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопок ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дини исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд.

Агар омили асосии пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар навбати аввал аз бефарҳангии ҷавонон бошад, пас омили дигар он шароити вазнини иқтисодӣ, болоравии сатҳи камбизоатӣ барои чунин афрод маънидод мегардад. Дар шароити кунунии ҷаҳонро фаро гирифтаи буҳрони иқтисодӣ ҷавонон ҳаёти пурмаишат ва осон ба даст овардани фоидаро тариқи телевизиону синамо дидаанд. Баҳри фоидаи муфт ба даст овардан ба ҳама чиз қодиранд, аз ин истифода намуда онҳоро ба ҳар роҳ тела медиҳанд. Ҳоло чунин анъана шудааст, ки ҷавонон баъди хатми мактаби миёна агар ба ягон макотиби олӣ дохил шаванд нағз, набошад ҳатман бояд ба Русия раванд. Бо ин корашон онҳо дар навбати аввал аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мегурезанд, баъдан ин ҳаракати онҳо хиёнат ба Ватанест, ки онҳоро дар оғӯши гарми худ бо меҳр ба воя расонида, савод омӯзонидааст. Ҳастанд нафароне, ки дар худи Русия ба кадом корҳои нангине даст зада, сафи маҳбусони русро афзуда, қисми дигараш ба доми масъулин (эмиссарҳо)-и ифротиён ғалтида, фирефтаи пулу мол ва ақидаи иртиҷоии ба мо бегона, баъди чанде худро дар нуқоти дигар бо усули дигар мебинанд.

Агар мушкилоти иҷтимоию иқтисодро омили пайвастани аксарияти ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур ҳисобем, боз омиле ҳаст, ки ба эҳсосоти мардуми мо вобаста аст, яъне ноадолатии иҷтимоӣ. Мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ аз хор доштани ислом, аз нобаробарии тақсимоти ҷаҳон, ҳудуд, сарватҳои табиӣ ва дигар боигариҳои мавҷуда ба тарзи худ дар даъватҳои худ маккорона истифода мекунанд.

Маълум ки ҳеҷ як табадуллот, ҳеҷ як ҷангу муҳориба бе нақшаи аз пеш тарҳрезишуда сурат намегирад ва барои ғолибиятро ба даст овардан аз идеологҳо ташвиқотчиён ва таблиғотчиёни пурқувват истифода кардан лозим аст, ки чунин мубаллиғон дар сафҳои ифротиён басанда аст. Тавре дар боло қайд шуд, мо бисёр мардуми эҳсосием ва тайи 70 соли аз ислом каму беш дур буданамон бо тамоми ҳастӣ мехоҳем аз ислом ҳимоят намоем ва мубаллиғони аҷнабӣ аз ин устокорона истифода менамоянд.

Дар паёмаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: «Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинад».

Имрӯзҳо байни ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони Ғарб садде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки ин хатар рӯз то рӯз васеътар мешавад. Ақидаи ғарбиён дар он зуҳур меёбад: ифротгароӣ танҳо хоси дини ислом аст. Ба дине, ки қисми зиёди аҳолии сайёраро фаро гирифтааст, чунин ҳукм баровардан мутлақан хатост. Ислом мардумро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварию куштор, хушунатро маҳкум менамояд. Терроризм ба ягон миллат, дину мазҳаб аз ҷумла ба ислом рабте надорад. Амалҳое, ки ДОИШ, «ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ аз қабили парронидану сӯзонидан, тарконидану сар буридани одамон иборат аст, ба ягон дину мазҳаб дар ягон давру замон рост намеояд. Маҳатма Ганди ва духтари ӯ Индира Гандиро ифротиёни ҳиндустонӣ, ки яке ҳиндӣ ва дигаре сикх буд, ба қатл расониданд, Исҳоқ Робин, сарвазири Исроилро тундгарои яҳудӣ ба қатл расонида, амалҳои нангинро анҷом доданд.

Мақсади дигари бадхоҳон ин аст, ки бо ҳар роҳу васила кишвари ободу шукуфони моро ба ин вартаи ҳалокат бикашанд. Барои ин онҳо аз пасттарин ва разилтарин амалҳои инсонӣ истифода менамоянд. Моро лозим аст, ки зиракиро аз даст надиҳем ва аз ҳама ҳодисаву воқеа бехабар намонем, дар ҳама самту соҳа пешдаст бошем. Барои ин саводу идрок ва ватандӯсту содиқ буданамон лозим аст.

Шабакаҳои иттилоотӣ хуб аст, дар он сурат, ки онро дуруст ва ба маврид истифода бурда тавонӣ, вагарна дар он «ғарқ» мешавӣ. Шабакаи интернет барои шахсони тараққипарвар, бохирад, хайрхоҳи оламу одам воситаи беҳтарини муошират ва дастёри беминнат ба ҳисоб меравад. Интернет имконияти васеъро ба истифодабарандагон пешниҳод менамояд ва аксари одамон ба он пайваст мешаванд. Бартарии шабакаи интернет дар он аст, ки ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ё барқарор ва бароҳмонии тиҷорат, муошират ва дигар воситаҳои дилхушӣ дастрасӣ осон аст. Интернет ҳам ҷанбаи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Дастрасӣ ба иттилоотро метавон ҳамчун ҷанбаи мусбат арзёбӣ кард. Аз тариқи шабакаи интернет пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷанбаи манфии он мебошад.

Дар ҷое, ки ширинӣ ҳаст, пашшаю магасҳо гирди он бисёр ҷамъ мешаванд. Ҳоло бошад, нафти давлатҳои ҷангзадаи араб ҳамин шириниро мемонад. Барои ҳукмрон шудан ба ин нафт абарқудратҳо даркор бошад садҳо ДОИШ ва «ал-Қоида»-ҳо созмон медиҳанд. Беҳуда собиқ котиби давлатии ИМА Генри Киссинҷер нагуфтааст: «Нафт аз ҳад зиёд муҳим аст ва онро ба арабҳо гузоштан мумкин нест». Пас худ қазоват кунед, барои нақши асосиро бозидан дар минтақа абарқудратҳо ба кадом корҳое қодир нестанд.

Далели дигареро танҳо хотиррасон карданиям, ки дар Фаластин ҳам мусулмонон ба сар мебаранд. Чаро ба гӯшаи хаёли «ҷиҳодкунандагони сарсупурда» ҳам намеоянд? Ҷавоб чунин аст: дар Фаластин нафт нест, пул нест ва аз ҳама муҳиммаш ин макон зери назорати Исроил қарор дорад.

Имрӯзҳо дини мубини исломро барои ба даст овардани манфиатҳои сиёсӣ истифода бурда, аз ноогоҳии ҷавонон сӯистифода мекунанд ва он бар зарари исломи таҳаммулпазир ва мусулмонони аслӣ равона мегардад.

Дар асл ислом дини ақлу заковат, донишу омӯзиш аст ва онро бо сурати воқеӣ ба ҷаҳониён бояд муаррифӣ намуд. Ба сафи мусулмонон намояндагони зиёде аз олами илму санъат, варзиш, бизнес ва дигарон мепайванданд. Танҳо дар ҳамон сурат ислом воқеӣ мегардад, ки онро инсоният бо ақл шинохта қабул намояд, аз ҳақиқати он огоҳ гардад. Ҳеҷ гоҳ бо баҳонаи ғасби сарзамин, қатлу ғорат, маҷбуран ҷорӣ намудан ислом аслӣ шуда наметавонад.

Н. Саидов, Н. Қурбонов,

омӯзгорони кафедраи психология

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj