• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

КОНСТИТУСИЯ - РОҲНАМО ДАР РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми кишвар яке аз санаҳои тақдирсоз мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсия қабул гардидааст, ки мо дар соли ҷорӣ 24-солагии онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин санаи таърихӣ сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

 

Дар Тоҷикистон аз ибтидо то имрӯз 5 маротиба, яъне солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 конститутсияҳои гуногун қабул гардида, конститутсияи нави амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Чунон ки маълум аст, санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид “Эъломияи ҳуқуқи башар” қабул карда шудааст, ки иҷроиши он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад. Меъёрҳои конститутсионии кишвари мо ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои “Эъломияи ҳуқуқи башар” сарчашма гирифтаанд. Зеро дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Вобаста ба ин давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсуси худ қарор додааст. Дар моддаи 5-и Конститутсия бошад, инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш арзиши олӣ эътироф шуда, дар навбати аввал зери ҳимояи давлат қарор дорад.

Зарурати қабули конститутсияи нав бо ба даст омадани истиқлоли кишвар ба миён омад. Дар баробари ин дигаргуниҳои хеле ҷиддии олам тақозо мекарданд, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад. Талаботи дигар вазъи худи замони муосир буд, ки хоҳу нохоҳ ин санади муҳимро тақозо мекард. Зеро дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ ва зарурати муайян сохтани сохтор, ба низом даровардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби идеология ва пойдори давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Агарчи мо қаблан дорои чунин санад будем, аммо он пурра ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлати Тоҷикистонро ба миён овард. Масалан, бори аввал дар масири таърих баъди садсолаҳо забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсию иқтисоди ва иҷтимоии ҷомеаи кишвар нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохтори ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.

Дар қонуни асосии мо масъалаҳо бо назардошти хусусиятҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, миллию таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардумии кишварамон дарҷ ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Муҳимтар аз ҳама, конститутсия имкон дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намудаанд, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст”.

Яке аз кафолатҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба таҳсил мебошад, ки дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои давлатӣ кафолат медиҳад”.

Вобаста ба ин моддаи конститутсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидании вазъи соҳаи маориф барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, сол то сол ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида истодааст. Махсусан, мо, маорифчиёнро лозим аст, ки дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро бо суръат пеш барем.

Самараи ҳамаи ин талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки соли 2017 мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом доданд, Тоҷикистон аз рӯйи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯйи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Дар иртибот ба ин назарсанҷӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”.

Пешвои миллат ба таълиму тарбияи ҷавонон диққат дода, пайи он талош мекунад, ки насли ҷавон дар рўҳияе ба камол расад, ки дар оянда ҷойгузинони арзанда бошанд ва тавонанд, ки Тоҷикистонро боз ҳам зебову обод намоянд. Яъне ҷавонони имрўзаи мо бояд аз тамоми илмҳои муосир огоҳӣ дошта бошанд.

Дар робита ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Чуноне файласуфи Юнони қадим Демокрит гуфта буд: “Мақсад аз қонун беҳтар намудани аҳволи зиндагии одамон аст. Вале ин мақсад вақте амалӣ мегардад, ки худи одамон хоҳиши беҳтар намудани аҳволашонро дошта бошанд. Чунки қонун ба ашхосе манфиат мерасонад, ки дар итоаташ бошад”.

Ҳамин тавр, конститутсия санади муқаддасест, ки сарнавишт ва роҳи ояндаи халқу давлатро барои ояндаи бардавом ва рушди нерӯи инсонӣ муайян мекунад. Дастовардҳоеро, ки мо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба онҳо ноил шудем, метавон оғози дигаргуниҳои азиму умедбахши ҷумҳурӣ номид.

 

Низомиддин Саидов,

омўзгори кафедраи умумидонишгоњии психология

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj