There are no translations available. Нигоҳе ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ
Бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гардид. Аз дидгоҳи сиёсӣ яке аз ҳуҷҷати муҳиме, ки дар даврони нави таърихии миллати мо соли 1991 қабул гардид, Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” маҳсуб меёбад. Чун аз сарҳади шинохти луғавии мафҳуми истиқлолият фаротар меравем ва аслу моҳияти онро дар матни сарнавишти таърихии қавму миллатҳо ба андеша меоварем, дармеёбем, ки эъломи истиқлолият ва касби соҳибихтиёрии сиёсиву иқтисодӣ фақат оғози рисолати сангинест, ки бо тарҳандозии ташаккул ва рушди низоми усулан ҷадиди сиёсӣ ва ниҳодҳои умури ҷамъиятӣ давра ба давра мазмун ва моҳияти ҳақиқии худро мукаммал месозад.
Мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби сиёсати нодуруст афтода, ба мавҷи низоъ ва бесарусомонӣ рӯ ба рӯ омад. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба суст гаштани низоми ҷомеа ва парокандагӣ боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд. Фазои сулҳу субот аз байн рафт. Ҳисороти дар ин муддат бамиёномада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт. Хатари пароканда гаштани миллат низ эҳсос мегардид. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътиқод дошта, билохира бо афкори тоза дари саодатро бикшод: Аз навмедӣ басе умед аст, Поёни шаби сияҳ сафед аст. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳуснангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. Бешубҳа, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ ва саҳифаи наверо дар таърихи миллати тоҷик боз намуд. Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз бақои дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон ин буд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем». Ин паёме рӯшан аз хираду заковати халқи тоҷик буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд. Дар ин иборати софу сода, ки дар фазои ғуборолуди ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат, бо имону эътиқод садо дод, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама уқдаву мушкилот нуҳуфта буд. Фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ӯ мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар ҳамчун меҳвари ҳама пирӯзиҳо ва пиндорҳои нек ба вуҷуд меоварад. Замоне, ки намояндагони мардуми кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт ва дар миёни роҳбарони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсии тирози аввал буд. Зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд. Бо ҳидояти хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба масобаи арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври васеъ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ оѓоз кард. Пайрезии ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз замоне ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин анҷуман бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Бо анҷоми кори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон мақомоти роҳбарии Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди музокироти сулҳ оғоз кард. Дар изҳороти Раиси Шӯрои Олӣ ба муносибати таҷлили иди Наврӯзи соли 1993 омадааст, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйини роҳи музокирот тарҳрезӣ ва мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Бар асоси тасмимгириҳои Роҳбари давлат дар соли 1993 бо ҳадафи қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат, бозгардондани гурезаҳо ва барқарор сохтани бозору манзилҳои харобгашта ва пешгирии раванди таназзули иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон музокироти сулҳ оғоз шуда буд, ки давраи аввали он дар шаҳри Москва аз 5 то 19 апрели соли 1994 ҷараён гирифт. Барои суръат бахшидан ба раванди сулҳу оштӣ Сарвари давлат баробари баргузории музокирот дар оростани мулоқоту суҳбат бо давлатҳои кафили гуфтушуниди тоҷикон саҳми худро гузошт. Бо ташаббуси Роҳбари давлат ҷонибҳо 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул дигарбора мулоқот барпо карданд, то натиҷае аз ин гуфтушунидҳо барои сулҳи кишвар биафзояд. Вохӯриҳои баъдина дар сатҳи баланд 19 июли соли 1995 дар Теҳрон, 10-11 декабри соли 1996 дар Афғонистон ва 19-23 дар Москва, 21-22 феврал ва 16-18 майи соли 1997 дар шаҳрҳои Машҳад ва Бишкек, дар маҷмӯъ 8 маротиба доир гардиданд ва ниҳоят санади сарнавиштсози миллати тоҷик ба имзо расид. Низоми нави давлатдорӣ, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ таҳрезӣ намуд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳити мусоид ва заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ бо бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷомеаи тоҷикон дар заминаи истиқлоли миллӣ, ки орзуву омоли чандинасраи ин қавми муаззам буд, тавфиқ ёфта, ҳамчун ҳадафи олии Президенти кишвар бо заҳмати шабонарӯзии ӯ ва пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан пойдор гардид.
Бунафша Сатторова, раиси шӯрои духтарони факултети таърих |