• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Конфронси олимони ҷавон оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм

Терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва даҳшатбор дар замони муосир ба яке аз мушкилоти глобалӣ ва фарогир табдил ёфта, рӯ овардан ба илму дониш, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ аз роҳҳои муассири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ маънидод карда мешавад, - зикр гардид дар конфронси ҷумҳуриявии олимони ҷавон, ки санаи 22-юми ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.

 

Дар конфронси мазкур,  ки таҳти унвони “Ояндаи дурахшони мо – бидуни терроризм ва экстремизм” бо ташаббуси бахши магистратураи донишгоҳ доир гардид, шумораи зиёди магистрону муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ, меҳмонон ва масъулин аз Раёсати донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар ҳамоиши илмӣ магистрон ва муҳаққиқони ҷавон атрофи мавзӯъ ва масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ, терроризм ҳамчун зуҳуроти ҷомеаи муосир ва таърихи пайдоиши он, ҷавонон зидди терроризм ва экстремизми маҷбурӣ, мубориза алайҳи терроризми динӣ, сабаб ва роҳҳои ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастани ҷавонон, мушкилоти ҷомеаи муосир аз нигоҳи ислом, терроризму экстремизм аз нигоҳи Қуръон ва ғайра маърӯза намуда, назару андешаҳои худро иброз доштанд.

Иштирокчиёни конфронс пас аз баррасию муқокимаи масъалаҳои матраҳгардида ҳама аъмолу фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ба ҷомеаи муосир хатарзоро маҳкум намуда, аҳли ҷомеа ва насли ҷавонро ба таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат ва андӯхтани донишҳои муосир ба хотири рушду шукуфоии ватани азизамон даъват намуданд.


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj