• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 22-юми ноябр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Қосимов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти кишвар таҳният гуфт.

 

Зимни суханони ифтитоҳӣ қайд карда шуд, ки инсоният дар таърихи тӯлонии хеш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намуда, ҳар як рамз рӯшангари саҳифаҳои рушду такомули миллату давлатҳо маҳсуб мешуд. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихе рангинтару куҳантар дошта, имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард. Таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат мебошад, зеро ки парчам давлат ва ифтихори давлатдории моро ифода намуда, гувоҳи барҷастаи истиқлолу озодӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост. Барои ҳифзи парчам ва посдории мартабаю эътибори он бузургмардони шарафманди миллат дар ҳолатҳои тақдирсоз фидокориҳо нишон додаанд. Намунаи боризи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ лаҳзаи таърихии сари таъзим ба ин муқаддасоти миллӣ фуруд оварда, бо камоли эҳтиром гӯшаи онро ба чашм молидани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки намоди оғози сарҷамъии миллат ва марҳалаи нави давлатдориву давлатсозии мо мебошад.

Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин Маҳкамбой Гулов, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, оид ба ҷойгоҳ ва мақоми Парчами давлатӣ ибрози андеша намуд. Сипас, устоди кафедраи таърихи халқи тоҷик Давлатшо Маҳмудов дар мавзӯи “Парчам – рамзи иқболу истиқлол” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ аъзои дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо барномаи рангину ҷолиби фарҳангию фароғатӣ ба чорабинӣ ҳусни идона бахшиданд.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj