• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24.11.2018 аз ҷониби дастаи волонтёрони шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва бо дастгирии муовини ректор оид ба илм муҳтарам Н. Убайдуллоев “Аксияи ҳозирҷавобӣ” бо ширкати устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор карда шуд. Саволҳои пешниҳодшуда хусусияти маърифатию омӯзишӣ дошта, мавзӯъҳои гуногунро атрофи таъриху моҳияти парчам ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ фаро мегирифт.

 

Чорабинии маърифатӣ аз бинои асосии Донишгоҳ оғоз гардида, дар он муовини ректор оид ба илм Н. Убайдуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Байдуллоев, ёрдамчии ректор Ҳ. Сатторов, сардори раёсати илм ва инноватсия Р. Ҳакимов, сардори раёсати кадрҳо Д. Назаров ва дигар устодону кормандон фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххасу дақиқ гардониданд. Дар маҷмӯъ дар ин ҳозирҷавобӣ зиёда аз 30 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ карда шуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj