• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ

Ҳафтаи равон дар донишгоҳ озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҷамъбаст гардид. Тавре аз натиҷаҳои ҷамъбасти озмун бармеояд, ҷои якумро донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик Назиров Муҳаммадраҳим, ҷои дуюмро донишҷӯи курси чоруми факултети таърих Даминов Муҳаммад ва ҷои сеюмро донишҷӯи курси дуюми факултети химия Абдураҳмонов Абдулхайр ва донишҷӯи курси чоруми факултети технология ва иқтисодиёт Абдуллоев Умед сазовор гардиданд.

 

Бояд зикр намуд, ки озмуни мазкур бахшида ба ҷашнҳои фархунда ва муқаддаси кишвар аз тарафи шуъбаи кор бо ҷавонон ташкил гардида, дар он донишҷӯёни донишгоҳ ширкати фаъолона доштанд. Номи ғолибон дар ҷаласаи ҳафтаинаи шуъбаи кор бо ҷавонон бо ширкати раисони иттифоқи ҷавонони факултетҳои донишгоҳ эълон карда шуд. Дар маросими љамъбасти озмун муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонова, мудири шуъбаи кор бо љавонон С. Ќувватов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Д. Раҷабов ва сармутахассисони шуъбаи кор бо ҷавонон  Д. Каримов ва Б. Абдуллозода ширкат варзида, ба ѓолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи раёсати донишгоҳро тақдим намуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва
кумитаи иттифоқи касабаи донишҷўён



 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj