• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Намоиши филми «Марди роҳ» дар донишгоҳ

Санаи 19-уми декабр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” манзури донишҷӯёну устодон гардонида шуд. Дар ин филм кору фаъолияти созанда ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасвир ёфтааст.

 

Филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» бо муаллифии Носир Саидов дар давоми 8 моҳ таҳия шуда, оид ба заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи сулҳу субот ва хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ бо такя ба далелҳои муътамади таърихӣ қисса мекунад. Мазмуни филм хеле ибратомӯз буда, дар он лаҳзаҳое аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, муборизаи инсонҳо бо марг, гуруснагӣ, гиряи модарони чашминтизор, ҳоли зору низори гурезаҳо ва дигар наворҳои воқеӣ инъикос ёфтаанд. Махсусан, ёдоварии Пешвои миллат аз он рӯзҳои шум ва даъваташон аз мардуми кишвар, хусусан, насли ҷавон ба иттиҳод, бунёди ҷомеаи озод ва созандагию бунёдкорӣ таъсири филмро бештар намудааст.

Аҳли толор филми ҳуҷҷатиро бо мароқи зиёд тамошо намуда, аз мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон таассурот бардоштанд. Бешак, метавон гуфт, ки тамошои филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносии ҷавонон ва ифтихору ватандӯстии онҳо нақши бориз дошта, донишҷӯён ва насли ҷавонро ба дӯст доштани Ватани маҳбубамон ва посдории неъматҳои истиқлол ва сулҳу ваҳдат ҳидоят менамояд.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj