There are no translations available.
Маълумотномаи муфассал дар бораи шуъбаи идоракунии сифати таълим ва фаъолияти имрӯзаи он
Бо мақсади сари вақт пурра амалӣ намудани талаботҳои замимаи якуми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.07,№ 105.«Дар бораи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф», фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15,03,07,№330, бо фармони ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айни аз 13,04,2007., №46-ХК дар назди Раёсати таълими донишгоҳ Бахши хадамоти назорати сифати таълим ташкил карда шуд. Бахши хадамоти назорати сифати таълим дар ҳайати се нафар. Маҳмудов М;- раис, Ҷоматов С.- мутахассис, Раҳимов Ф.- мутахассис, таъсис ёфт ва бо карори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 26.09.2012, №8 Бахши хадамоти назорати сифати таълим ба Маркази мониторинги сифати таълим табдил дода шуд.
Бо карори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 9.10.2013. №8 Маркази мониторинги сифати таълим ба Бахши идоракунии сифати таълим табдил дода шуд. Солҳои 2008-2009 роҳбари Бахшро Шаропова Г. ва Саидов М. ба уҳда доштанд. Аз соли 2009 то соли 2015 роҳбарии Бахш ба ўњдаи Шарипов М. вогузор гардид. Аз соли 2016 Бахш дар ҳайати чор нафар: Бедилов Ҳ.- роҳбар, Шарипов М., Содиков М. С. ба ҳайси сармутахассисони бахш ва Мирзоева Г. ба ҳайси мутахассиси пешбари бахш фаъолият доштанд. Дар соли тањсили 2017 -2018 дар ибтидо Алиев А. ва баъдан Сияњаков С. ба њайси роњбари Бахш фаъолият намудаанд.
Айни замон шуъба дар њайати 8 нафар: Њусайнов А. – роњбари шуъба; Ањадов З., Исмоилов Ё.- сармутахассисони шуъба; Содиќов М., Саидмукаррамзода З.- мутахассис- пешбар; Ѓозиев Ф., Эшонов С. ва Нодираи А. -мутахассис – нозир фаъолият доранд. Шуъбаи идоракунии сифати тањсилот ва назорати электронї ҳоло яке аз марказҳои таълимию методӣ дар донишгоњ ба шумор рафта, ҷиҳати болоравии сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён мунтазам мониторингҳо, санҷишҳои корӣ ва машваратӣ гузаронида, натиҷаҳои онро барои баррасӣ ба Шӯрои олимон ва Раёсати донишгох пешниҳод менамояд. Имрӯзҳо шуъба фаъолияти худро тибқи нақшаи Раёсати донишгоҳ, Шӯрои олимон, Низомнома ва нақшаи кории шуъба ба роҳ мондааст. Аз тарафи кормандони шуъба давоми соли таҳсили 2018-2019 масъалаҳои зерини таълимӣ, ба монанди сифати дарсҳои устодон, ҳуҷҷатҳои таълимии устодон дар раванди дарс (КТМ, китобҳои дарсӣ дастурњои методӣ), истифодаи аёниятҳо, воситаҳои техникӣ дар дарсҳо, истифодаи тахтаи электронӣ мавриди назорат ва санҷиш қарор дода шудаанд.Таҳлилҳо собит намуданд, ки фаъолияти кормандони Шуъбаи идоракунии сифати тањсилот ва назорати электронї давоми соли таҳсили 2018-2019, аз ҷумла дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим натиҷаи дилхоҳ доданд. Чунончи, аз ҷамъбасти сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 айён гардид, дарачаи азхудкунии донишҷӯён 66,8%-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли пешина то андозае бењтар аст. Њоло вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳои тахассусї ва умумидонишгоњї, садорати факултетҳо (барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, КТМ, нақшаҳои корӣ, мавзӯъҳои таълимию методӣ ва ғайра) хеле хуб гардидаанд. Айни замон, кормандони шуъба кўшиш ба харљ дода истодаанд, ки дар нимсолаи дуюми соли тањсили 2018 – 2019 давомоти донишљўёнро зери назорати љиддї гирифта, дар болоравии сатњу сифати таълим наќши назаррас мегузоранд.
|