• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ҲАМОИШИ
СОҲИБКОРОНИ ҶАВОН ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН ВА ТАМОЮЛОТИ ОНҲО БА СОҲИБКОРӢ» ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе санаи 11.01.2019 дар толори шурои олимони донишгоҳ Ҳамоиши соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон ва тамоюлоти онҳо ба соҳибкорӣ» дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, бо иштироки Муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Махкамбой Гулзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И. Сомонӣ Иброҳимзода Амир ва Қурбонов Сулаймон Муовини директори КВД Клуби соҳибкорони ҷавон, меҳмонон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда суханронӣ карданд.


Сараввал мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И. Сомонӣ Иброҳимзода Амир ба роҳбарияти ин донишгоҳ барои муҳаё намудани чунин шароит изҳори минатдорӣ намуда, меҳмонону ҳозиринро ба ин толор хуш омадед гуфта ба кори чорабинии мазкур ифтитоҳ бахшиданд ва доир ба саҳми назараси ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ ва ободу хурамгардонии ватани азизамон суханрони карданд.
Сипас муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзода Махкамбой дар бораи соҳибкорони ҷавон суханрони намуд
Сипас Қурбонов Сулаймон Муовини директори КВД Клуби соҳибкорони ҷавон суханронӣ намуда бо презинтатсия дар бораи соҳаи соҳибкорӣ ва дастовардҳои соҳибкоронӣ ҷавон ва дар умум пешрати мухталифи кишвар дар соли 2018 намоиш доданд.

Дар охир аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои иштирокдорони ин ҳамоиш  лаҳзаи қаҳванушӣ баргузор карда шуд.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон
ва кумитаи иттифоқи касабаи
донишҷӯёниДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj