There are no translations available. Ҷавоб ба кӯри Юнус(Сайидюнус) (Дар бораи Ленин) Амири беватан хору залил аст,
Кӯри Юнус (Сайидюнус) ҳама шахсиятҳои таърихиро монда ба шахсияти доҳи пролетарҳои чаҳон В.И.Ленин часпидааст. Дар зершуури ин мазҳабгумкарда, чӣ мегузарад, Худо медонаду худаш. Аввал босмачӣ будани бобояшро ҳамчун ифтихори авлодӣ ба ҳама гӯшзад кард ва шармандаи олам шуд. Ба ҳарими амири шариатпаноҳ Олимхони манғитӣ ворид будани бобояшро дастоварди сатҳи ҷумҳурӣ донист. Агар мунсифона ба қиёс бигирем, дар байни мардуми авом ҳоло бипурсӣ, ки кӣ бартарӣ дорад, Ленин ё Олимхон, яқинан ҳадди аксари мардум ба тарафдории якумӣ баҳо хоҳанд дод. Зеро В.И.Ленин, асосгузори давлати шӯравӣ буд, бо сарҷамъ кардани коргару деҳқон дар зери чатр ва шиори бародариву баробарӣ, асосҳои давлатдории устуворро, ки рақиби ними кишварҳои ғарбӣ буд, сохт. Сталин, Россияро бо юғу сипор гирифт ва онро бо силоҳи ҳастаӣ таъмин намуда, боқӣ гузошт. Ин мардум давлатсоз буданд ва бо такя ба илми оянданигарӣ пеш мерафтанд. Ҳатто, кӯр ҳам эътироф кардааст, ки «Дар оғози қарни 20-ум, сатҳи савод дар мардон 8/35 ва дар занон 4/12 дарсад буд, ки то соли 1939 сатҳи савод дар Шӯравии собиқ аз марзи 70 дарсад убур кард ва бад-ин тартиб, Шӯравӣ дар ҷамъи кишварҳое қарор гирифт, ки болотарин нархи босаводиро доштанд». |