• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Олимпиадаи биологҳои ҷавон

Дар санаи 20-уми феврали соли 2019 дар факултети биологияи донишгоҳ даври сеюми олимпиадаи донишгоҳӣ аз фанни биологияи экологӣ  баргузор  гардид.  Дар он сараввал декани факултет Ғайратов М. суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо қоидаҳои гузаронидани олимпиада  шинос  кард ва ба онҳо бурдбориҳо орзӯ намуд.

Баъдан  таҳти назорати садорати факултет ва намоянда аз раёсати  илм ва инноватсияи донишгоҳ  26-нафар  донишҷӯён  ба саволҳои тестӣ ва хаттӣ  чавоб гардониданд. Олимпиада таҳти роҳбарии  гуруҳи олимпӣ Миразоров К. ва устодон Савлатов С., Раҳматов С., Имонов М., Қурбонов А., гузаронида  шуд.  Хамгоми натиҷагирӣ аз рафти олимпиада донишҷӯи курси 5-ум Ҳоҷаев Навруз бо 84  хол,  донишҷӯёни курси 4-ум Дустов Ҷунайдулло бо 88 хол,   Шарипов Содиқҷон  бо 87  хол ва Ниязов Зубайдулло  бо 54  хол,  ҳамчунин  донишҷӯёни курси 2-ум Муминова Мафтуна  бо 34  хол ва Ҷурғосизода  бо 39  хол  ба даври ниҳоии  олимпиада  роҳхат гирифтанд.

 

 

Мутассадӣ оид ба олимпиадаҳо
Миразоров К. И.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj