• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Қисми таълим

Қисми таълим дар сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд донишгоҳ) бо мақсади ба танзим даровардани раванди таълим ташкил гардида, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оиннома донишгоҳ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

 

Мақсад ва вазифаҳои асосии қисми таълим

- раванди таълимро дар донишгоҳ ба нақша мегирад, иҷрои онро ташкил ва таъмин менамояд;

- дар бобати қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангию ахлоқӣ бо роҳи додани маълумоти олии касбӣ дар заминаи ягонагии муттасили раванди таълим ва корҳои тадқиқотию илмӣ саҳм мегирад;

-.таҳияи китобҳои дарсӣ ва рисолаҳои таълимию методиро назорат мекунад ва таъминоти онҳоро арзёбӣ карда, доир ба ин масъала ба Шурои олимон гузориш пешниҳод мекунад;

- вобаста ба ҳалли мушкилоти тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ба Раёсати донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- нақшаҳои таълимиро таҳия карда дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод мекунад;

- доир ба роҳҳои такмил додани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён тадбирҳо меандешад;

- дар самти ҷорӣ намудани технологияи муосири таълим, методу тарзҳои самарабахш ва фаъоли тадрис чораҷӯйӣ мекунад;

- фаъолияти сохтору зерсохторҳои марбут ба қисми таълимро зери назорат мегирад;

- раванди таълимро, ки ҳадафи он ба донишҷӯён додани дараҷаи муайяни таҳсилот ва тахассус мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот татбиқ намудани мазмун ва мундариҷаи таълим маҳсуб меёбад, зери назорат мегирад;

- сарбории таълимии омӯзгорони кафедраҳоро дар ҷараёни таълим муайян намуда, як ҷо бо мудирону кафедраҳо барои ба танзим даровардани онҳо ҷораҳо меандешад;

- кори устодони соатбайъ ва мутобиқати онро бо нақшаҳои таълимӣ назорат мекунад;

- фаъолияти устодони ҳамкорро назорат намуда, доир ба дурустии нақшаҳои инфиродии онҳо санҷишҳо ташкил мекунад;

- соатҳои холимондаи кафедраҳоро муайян карда, барои қабули устодон лоиҳаи озмун ба Ректори донишгоҳ пешниҳод менамояд;

- иҷрои нақшаҳои таълимии инфиродии устодонро назорат намуда, доир ба ин масъала ба унвони Раёсати донишгоҳ хулосаҳо пешниҳод мекунад;

- фаъол будани воситаҳои техникӣ ва истифодаи технологияи муосири таълимро дар ҷараёни дарсҳо назорат карда, доир ба беҳтар гардидани методикаи таълим хулосаву пешниҳодҳо манзур менамояд;

- татбиқи гузаштан ба низоми кредитии таҳсилотро дар факултету кафедраҳо назорат намуда, дар таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо иштирок мекунад;

- доир ба ҷамъбасти имтиҳони ҷорӣ ва хатм дар назди Раёсат ва Шурои олимони донишгоҳ гузориш дода, роҷеъ ба натиҷаи онҳо ба унвони Ректори донишгоҳ маълумотномаи мукаммал ирсол менамояд;

- ҷадвали умумидонишгоҳии имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияи хатмро таҳия ва тасдиқ менамояд, рафти ҷараёни онҳоро назорат мебарад;

- барои устуворӣ ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳо ба Раёсати донишгоҳ пешниҳод манзур месозад ва фаъолияти онҳоро зери назорат қарор медиҳад;

- ҷадвали имтиҳонот ва ҷадвали дарсҳои кафедраҳои умумидонишгоҳиро санҷида тасдиқ мекунад, рафти иҷрои онҳоро якҷоя бо кормандони раёсат зери назорат мегирад;

- фонди аудитории донишгоҳро таҳия намуда, тақсимоти онро миёни факултетҳо ва кафедраҳо ба роҳ мемонад, таъминоти онҳоро бо маводи таълимию техникӣ зери назорат қарор медиҳад;

- таҳияи барномаҳои таълимӣ, стандартҳо, талаботи давлатӣ, силлабусҳо, курси лексияҳоро дар факултетҳо ва кафедраҳо назорат менамояд ва нусхаҳои онҳоро нигаҳдорӣ менамояд;

- дар донишгоҳ мутобиқати нақшаҳо ва барномаҳои таълимиро зери санҷиш қарор медиҳад;

- дар заминаи принсипҳои илмият, инсонгарӣ, демократӣ, муттасил ҷараён гирифтани раванди таълимро назорат месозад;

- бо назардошти фарогирии имкониятҳои муосири технологияи иттилоотӣ ҷараён гирифтани таълимро дар факултетҳо ва кафедраҳо санҷида, ба Ректори донишгоҳ гузориш манзур мекунад;

- тайёрии омӯзиш ва иҷрои нақшаю барномаҳои таҳсилотииро дар донишгоҳ назорат менамояд;

-фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯёнро дар ду давра ташкил намуда, аз натиҷаи он ба унвони Шурои олимон ва Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш манзур мекукнад;

-мунтазам доир ба рақобатпазирии ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳ ва таъсис додани ихтисосҳои нав ба унвони ректори донишгоҳ ва мақомоти дахлдор таҳлилҳо мегузаронад, пешниҳодҳо манзур месозад.

Сохтори қисми таълим

 

Ҳайати раёсати таълим ва бахшҳои он

Ба раёсати таълим сардори раёсати таълим роҳбарӣ мекунад. Ҳайати раёсати таълим чунин аст:

- муовини сардори раёсати таълим;

- сармутахассис оид ба назорат аз болои нақшаҳои таълимӣ ва сарбории омӯзгорон;

- сармутахасси доир ба назорати иҷрои сарбории омӯзгорони ҳамкор;

- сармутахассис оид ба масъалаҳои омор;

- сармутахассис оид ба таҳияи стандартҳо ва лоиҳаи инноватсионӣ;

- сармутахассиси раёсати таълим;

- мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои коргузорӣ дар раёсати таълим.

- Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ: мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассиси пешбар;

- Маркази ягонаи тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ:

директор, ҷонишини директор, сармутахассисон, мутахассиси пешбар ва мутахассис;

- Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ: мудири шуъба, мутахассис;

- Маркази таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият: роҳбари марказ, сармутахассис ва мутахассиси пешбар;

- Маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ: мудири марказ, ҷонишини мудир, сармутахассисон, мутахассиси пешбар ва мутахассис;

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj