• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо

photo 219.jpg - 89.92 KbДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 29.03.2019 бахшида ба як солагии эълон гардидани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таҳти унвони «Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо» конференсияи илмию назариявӣ доир намуд. Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аксия маводи таблиғотӣ дар бораи ҷойгиршавии обҳои мусаффои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, директори инситути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ профессор Кобулиев Зайналобуддин, корманди Инситути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ Ҳасан Асоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Насимҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шамсов Сайдалӣ, муовини сардори Раёсати захираҳои обӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Гул Ваҳобович ва 350 нафар устодон ва донишҷӯёни аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор» иштирок намуданд.

Саравал ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ба сухан баромада, меҳмононро ба ҳозирин муариффӣ намуда ва барои ташрифашон ба ин даргоҳ хайру мақдам гуфтанд.

Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Расулзода Насимҷон суханронӣ намуда, ба роҳбарияти донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити хуби ҳамоиши сатҳи баланди ҷумҳуриявидошта, изҳори минатдорӣ баён намуда ва баъдан зикр намуданд, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи глобалӣ ва ба хотири ҳалли яке аз мушкилоти асосии зиндагии аҳли башар дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар муддати даҳ соли оянда дар миқёси сайёра амалӣ мегардад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем.

Зайналобуддин Кобулиев директори Инситути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ дар баромади худ иброз дошт, ки мояи хушнудист, ки бо қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 Тоҷикистон бори дигар ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Тоҷикистон 948 дарёи хурду бузург, 7 ҳазор пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд мавҷуданд. Зиёда аз 50 дарёи бузурги манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ, ки аз оби пиряху барф ва борону обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд.

Шарипов Гул Ваҳобович муовини сардори Раёсати захираҳои обӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард: «Мо бояд бо ҳисси ифтихор ва эҳсоси масъулият ба фарҳанги истифодаи оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем ва ба қадри ин неъмати худодод бирасем. Сарвари давлат барҳақ иброз доштаанд, ки арзиши об аз нафту газу ангишт ва дигар анвои сӯзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест».

Ба андешаи иштирокчиёни ҳамоиш, ҳар яки мо бояд табиату об ва ҷойи зисти худро тоза нигоҳ дошта, дар ҳифзи табиат ва тозагии об саҳми арзандае гузорем.

Дар анҷоми кори конфронс бо тариқи овоздиҳии кушод Ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор» интихоб карда шуд.

Ташкилоти ибтидоии

ҳизбии“Омӯзгор”–и

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

photo 230.jpg - 52.84 Kb photo 227.jpg - 62.59 Kb photo 224.jpg - 80.23 Kb photo 218.jpg - 99.96 Kb photo 222.jpg - 90.13 Kb photo 223.jpg - 104.25 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj