• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА

photo 270.jpg - 106.81 KbСанаи 5-уми апрели соли 2019 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи  С. Айнии пойтахт даври шаҳрии озмуни гулҳо, "Сайри гули лола" ҷамъбаст гардид. Дар рафти баргузории ин чорабинии бошукӯҳ, инчунин дар қатори дигар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои эҷодиву маърифатӣ, кормандону мутахассисони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, фаъолону аҳли ҷамоатчигии пойтахт устодону донишҷӯёни донишгоҳ низ фаъолона иштироки намуданд.

Ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи калони фарҳангӣ баргузор гардид. Дастагули мусиқии иборат аз суруду тарона ва савту навоҳои дилангези устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон ба ҷашни гулҳо шукӯҳу таровати баҳорӣ зам намуд.

Баъди ба анҷом расидани ин чорабинии бошукӯҳ бо ташабусси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи-демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар таҷлил ва сазовор пешвоз гирифтани «Рӯзи пойтахт» аз Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Шубаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи

иттифоқи касабаи донишҷӯёни  ДДОТ

ба номи С. Айнӣ

 

photo 271.jpg - 106.28 Kb photo 274.jpg - 111.13 Kb photo 277.jpg - 110.37 Kb

photo 276.jpg - 130.77 Kb photo 272.jpg - 123.97 Kb photo 275.jpg - 118.38 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj