There are no translations available. ШОМИ ДӮСТӢ Имрӯз, 6-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади боз ҳам бештар рушд додани дӯстии ду милати бо ҳам дусту бародар, тоҷику туркман чорабинии фарҳангӣ - фароғатии шоми дӯстӣ, таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон» бо иштироки доктори илмҳои тахрих, профессор, ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода баргузор гардид. Дар барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ суруду таронаҳои дилошуби тоҷикӣ, туркманӣ ва русӣ садо доданд ва хотири иштирокчиёну ҳаводорони хешро шод гардониданд. Дар охир ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода баромад намуда, аз таърихи ташаккулёбии тоҷику туркман, ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар муносибатҳои дӯстонаи ин ду миллат суханронӣ карда, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур баҳои баланд доданд ва иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо минбад дар байни донишҷуён дар хобгоҳҳо бештар ташкил карда шавад.
Қисми тарбияи ДДОТ ба номи с. Айнӣ
|