• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Маҳфил номи Лоиқро гирифт

Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷик 23-юми май дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба солгарди шоири тавоно, шодравон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ бо номи «Дасти дуои модар» доир шуд. Маҳфилро ректор, академик А.Раҳмонов оғоз намуда, аз манзалати шеъри Лоиқ дар ҷомеаву миёни кишварҳои ҳамзабон, сабку услуби ғании ӯ ва ҷойгоҳаш дар адабиёти муосири мо сухан гуфт. Ӯ бо ёддоштҳои айёми ҷавонӣ, аз давраҳои таъсиргузор ба эҷодиёти шоир сухан гуфта, ёдрас шуд, ки дӯсту ёру диёр боис буд, ки шоир сухани тозае бигӯяд ва чун Хайёму Ҷомиву дигар шоирон мавзӯоти рангинро ҷаззоб тасвир созад.

Ба андешаи А.Раҳмонов, даврони пургирудори ҷанги шаҳрвандӣ ба шоир таъсир гузошт то аз нигориш андаке канор гирад, вале ин канор рафтанҳо дер напоиду ӯро боз ба арсаи эҷод кашид. А.Раҳмонов пешниҳод кард, то маҳфили адибони ҷавон, ки дар назди факултаи филологии тоҷик амал мекунад, номи Лоиқро бигирад.
Дар навбати худ декани факултаи филологияи тоҷик Б.Шарифзода бо хушнудӣ аз қабули ин пешниҳод, эълон дошт, ки аз ҳамин рӯз пас ин маҳфил бо номи маҳфили адабии Лоиқ ном бурда хоҳад шуд.
Ба назари Б.Шарифзода, васфи ёру диёру модар дар шеъри Лоиқ хеле волост ва як китобаш «Дасти дуои модар»-ро ном бурд, ки миёни хонандагон хеле маҳбубият дораду ин маҳфил низ ҳамин номро гирифта. Мавсуф изҳори умед кард, ки насли ҷавон, пайравони шеъри Лоиқ назми тоҷикро боз ҳам бо навгониҳои тоза зинда медоранд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj