ТАҶЛИЛИ 141 - СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар санаи 15-уми апрели соли 2019 ба хотири шод намудани руҳи устод бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Н.У. Ғаффорӣ дар назди нимпайкараи шоир, ки дар назди бинои асосии донишгоҳ қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд. Сипас бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети филологияи тоҷик дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ гулгузорӣ намуда, донишҷӯён аз ашъори устод С. Айнӣ шеър қироат намуданд. Дар маҳфили адабӣ ректори донишгоҳ Н.У. Ғаффорӣ ва дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт М. Қурбонов аз рӯзгор ва осори шоир ёдовар шуда, шогирдонро бар он таблиғ намуданд, ки чун устод С. Айнӣ дар ҷодаи илму фарҳанги миллати хеш саҳмгузор бояд буд. Дар фарҷом декани факултети филологияи тоҷик дотсент А. Мирзоалиева аз ташаббуси Раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки ин рӯзи фархунда ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос аз тарафи устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ қайд карда мешавад. Инчунин Раёсати донишгоҳ ва меҳмонон ба хотири болидагии руҳи устод С. Айнӣ ба осорхонаи адиб ташриф оварда дар назди нимпайкараи устод, ки дар саҳни осорхонаи пойбарҷост, гулчамбар гузошта аз осорхонаи ӯ дидан намуданд. Бояд зикр намуд, ки ин силсила чорабиниҳои адабӣ дар ниҳоди донишҷӯён ҳисси меҳанпарастӣ ва илмомӯзиро тақвият бахшида, эшонро ба омӯзиши мероси ниёгонамон раҳнамун месозад.
|