Дипломи “Россотрудничество” ба ректор Владислав Курнушко, роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, 6-уми июни соли равон ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректор, академик А.Раҳмонов мулоқот намуд. Роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Владислав Курнушко низ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар пояи баланд арзёбӣ карда, саҳми ректор, академик А.Раҳмоновро дар ин самт назаррас ва шоистаи таҳсин унвон намуд. Ба ақидаи мавсуф, дар таъсис ва фаъолияи Маркази русӣ, на танҳо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, балки дар кулли манотиқи Тоҷикистон А.Раҳмонов нақши арзанда дорад. Бинобар ин, роҳбарияти олии Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” тасмим гирифт, ки дар Рӯзи забони русӣ ва Рӯзи шоири бузург Пушкин ба хотири таҳким, тарғиб ва густариши забони русӣ А.Раҳмонов бо дипломи махсуси ин ташкилот қадрдонӣ гардад.
Б.Абдураҳим |