• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Коркарди дубораи партовҳо

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси Маркази дастгирии ҷавонони болаёқати ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар саҳни донишгоҳ байни донишҷӯёни факултаҳо озмуни «Як рӯзи тозагӣ ва истифодаи дубораи партовҳо» доир гардид. Тавре дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Б.Самиев изҳор кард, ҳифзи мӯҳити зист аз ҳама ҷиҳат муҳим асту вазъи экологии моро, ки диёрамон кишвари хушбоду ҳавост, хуштар нигоҳ медорад. Барои ин, мо бояд ба тозагӣ ва ҳифзи неъматҳои табиӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Ӯ зикр намуд, ки дар бисёре аз давлатҳо танҳо аз партовҳо чандин намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ба ин масъала олимони мо низ диққати ҷиддӣ дода истодаанд.

 

Мутобиқи шартҳои озмун гуруҳҳо аз ҳар факулта ба маҳалҳои муайяншуда сафарбар гардиданд, то дар муддати як соат вақти ҷудошуда ин мавзеотро гирд гашта, партов ғундоранд ва аз он маҳсулот тайёр кунанд. Дар муддати муқаррашуда донишҷӯён асбобҳои аз партов тайёркардаашонро, ки аз навгониҳое ба монанди нусхаи мошин, ашёи шамолдиҳандаву ба кори дуредгарӣ мувофиқ ва дигар намуди коркардҳо иборат буданд, ба маъраз гузоштанд. Аз рӯи натиҷаи баҳои ҳакамон ҷойи якум ба факултаи химия, ҷойи дуюм ба факултаи технология ва соҳибкорӣ ва ҷойи сеюм ба факултаи педагогика насиб гардид. Ғолибон соҳиби туҳфаҳо гаштанд. Ҳамчунин, ба ду нафар духтари факултаи педагогика барои ҳавасмандгардонӣ ифтихорнома дода шуд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj