• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.





Абдуҷаборзода Хушбахт Абдуҷабор
Cардори маркази ягонаи тести бақайдгири ва машваратӣ
Тел: (+992) 918305040



  • Маркази ягонаи тести бақайдгири ва машваратӣ

Маркази  ягонаи тести бақайдгири ва машваратии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот», «Низомномаи намунавии маркази бақайдгирӣ ва машварати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонад.
Маркази мазкур ҳамчун воҳиди сохтории донишгоҳ фаъолияти донишҷӯёнро дар давраи таҳсил ба қайд гирифта, ташкили ҳамаи намудҳои натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯро назорат менамояд. Ба зиммаи маркази ягонаи тести бақайдгири ва машваратӣ асосан вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
-омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои бақайдгирии донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълим;
-ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кӯмаки муовини декан оид ба таълим;
-таҳия ва назорати риояи тақвими академии омӯзгор ва донишҷӯ;
-пешниҳоди машварат ба донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ доир ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алоқаманд мебошад;
-ташкил ва назорати татбиқи низоми холгузории ҳафтаинаи фосилаҳо (рейтинги 1 ва 2), санҷишҳои фосилавию имтиҳони ҷамъбастӣ;
-ҷамъбасти натиҷаҳои фосилаҳо (рейтинги 1 ва 2) ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба садорати факултетҳо;
-ҷамъбасти ҳар як даври академӣ (семестр) ва  муайян намудани холи миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин  мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
-ба садорати факултетҳо ва раёсати таълим барои таҳлил ва  арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд ё холи миёнаи умумӣ (GPA)-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;
-тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани маълумотномаҳои академӣ (транскрипт барои ҳар як даври академӣ ва замимаи диплом баъди хатм) барои ҳар як донишҷӯ;
-якҷо бо садорати факултетҳо таҳия намудани лоиҳаи фармоиш ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи холи миёнаи умумӣ (GPA)-и онҳо.

Кормандони марказ






Додхудоева Зинатмо Илбуновна
Муовини марказ
Тел: (+992) 933301182










Бобохонзода Парвизҷони Шамсиддин
Сармутахассиси марказ
Тел: (+992) 985313181













Раҳимова Манзура Усмонҷоновна
Сармутахассиси марказ
Тел: (+992) 933933145










Пулодов Ҷоми Ҳайдарович
Сармутахассиси марказ
Тел: (+992) 907001700






Ахмедова Фариза Аламшоевна
Сармутахассиси марказ
Тел: (+992) 989109301





 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj